налог

543 000 сомонӣ даромад аз ҳисоби блогерон

Блогерҳои тоҷик дар се моҳи аввали соли 2023 ба буҷаи давлат 543 ҳазор сомонӣ андоз супоридаанд.

Назирҷон Назирзода, сардори Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози Тоҷикистон дар ин бора итттилоъ дода, афзудааст, ки то имрӯз дар кишвар 70 блогер фаъолияти худро расман дар мақомоти андоз ба қайд гирифтаанд.

“Соли гузашта блогерони тоҷик 29,7 млн сомонӣ даромад доштаанд ва аз ин маблағ 1,3 млн сомонӣ ба буҷаи давлат андоз аз даромад супоридаанд”,- зикр кардааст Н. Назирзода.

Маълумоти супоридани маблағи андоз аз даромад аз тарафи блогерони кишвар зимни маҳфили иқтисодии «Тавозун»дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон садо дод. Ин маҳфилро Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” 2–юми майи соли равон дар доираи лоиҳаи “Идораи босамар барои рушди иқтисодӣ” таҳти унвони “Ислоҳоти низоми андоз ва андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *