Роналдуро аз Арабистони Саудӣ хориҷ намекунанд

Футболбози португалӣ ва ҳамлавари бошгоҳи “Ал-Наср” Криштиану Роналду дар бозии охири зидди дастаи “Ал-Ҳилол” бо бохт рӯ ба рӯ шуд ва пас аз итмоми бозӣ вақте ки мухлисони футбол бо як овоз номи Мессиро гирифтанд, ӯ жести ғайриахлоқие кард.

Вобаста ба ин амалаш ҳуқуқшиносони Арабистони Саудӣ аз ҳукумат хостанд, ки футболбозро аз кишвар хориҷ кунанд, вале кумитаи ташкилшуда дар охир ба хулосае омадааст, ки ҳеҷ ҷои нигаронӣ нест ва Роналдуро хориҷшавӣ таҳдид намекунад.

Бо гумони ғолиб нафароне, ки бояд масъалаи ҷазо додану надодани Роналдуро ҳал мекарданд, танҳо наворҳои телевизионҳоро дидаанд, вале аз наворҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки футболбоз дар ҳақиқат амали нохуб мекунад. Дар охир, маълум аст, ки ҳоло Роналду метавонад оромона футболбозӣ кунад ва рекордҳои нав гузорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *