Тоҷикистон аз таъсиси давлати Фаластин ҳимоят кард

Тоҷикистон аз таъсиси давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин бора Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар нишасти муштараки Лигаи кишварҳои араб ва Созмони ҳамкориҳои исломӣ (СҲИ) дар Риёз изҳор дошт.

 “Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор додани иншооти ғайринизомии минтақаи мазкурро, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафар аҳолии осоишта, ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардум ва хароб гардидани инфрасохтори ҳаётан муҳим гардид, шадидан маҳкум мекунад», — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

 Сарвари давлат инчунин иброз намуд, ки, ҳалли воқеии қазияи Фаластин, таъмини сулҳи одилона, пойдор ва дарозмуддат танҳо аз роҳи иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақили Фаластин имконпазир мебошад.

 «Тоҷикистон, ки дар таърихи муосири худ ҷанги таҳмилии харобиовари шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, ҷонибдори қадамҳои сулҳҷӯёна ва ҳалли осоиштаи тамоми мушкилоту муноқишаҳои ҷаҳонӣ мебошад», — хулоса кард Эмомалӣ Раҳмон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *