Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли оянда ҳам барқ мефурӯшад

Ширкати «Барқи тоҷик» ва Ширкати барқи Афғонистон (“Брешно”) барои фурӯши барқ дар соли 2025 қарордод имзо кардаанд.

Дар ин бора сомонаи ширкати “Брешно”-и Афғонистон хабар додааст.

Қарордоди интиқоли барқ аз ҷониби Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” ва Абдулборӣ Умар, роҳбари ширкати “Брешно” дар Туркия ба имзо расидааст.

Ҳамин тариқ, намояндагони ду ҷониб – Ширкати  «Барқи тоҷик» ва ширкати энергетикии Афғонистон — «Брешно» дар мавриди содироти нерӯи барқ ​​ба тавофуқ расиданд.

Бояд гуфт, соли 2008 Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи интиқоли барқ то соли 2028 созишнома ба имзо расониданд. Охири ҳар сол ҷонибҳо протоколи иловагӣ ба имзо мерасонанд, ки дар он ҳаҷми интиқоли барқ барои соли минбаъда ва нархи он муайян карда мешавад.

Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, дар моҳи октябри соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 3,8 млн доллар барқ фурӯхтааст.

Ҳиссаи интиқоли барқ ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ давоми моҳҳои январ-октябр 6,6%-ро ташкил додааст.

Ҳамчунин,  дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 18,6 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шуда, 1,2%  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *