Гулнора

Тоҷикистон ба системаи иҷозати кор дар Корея ворид шуданист

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Донг Сок масъалаи ворид кардани Тоҷикистон ба системаи иҷозати кор дар Ҷумҳурии Кореяро матраҳ кардааст. Ҳадаф ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ зимни фаъолияти меҳнатӣ арзёбӣ мегардад.

Ҷонибҳо дар  рафти мулоқот масъалаҳои диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, баимзорасонии лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ дар хусуси интиқоли қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея ва механизми татбиқи созишномаҳои баимзорасида байни сохторҳои вазорат ва музофотҳои Ҷумҳурии Корея ва ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ дар Кореяро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сафир Квон Донг Сок изҳор намудааст, ки  омадааст дар баррасӣ ва баимзорасонии лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи интиқоли қувваи корӣ ба Корея ва воридшавии Тоҷикистон ба системаи иҷозати кор дар Ҷумҳурии Корея мусоидат кунад.

Қаблан вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфта буд, ки тамоми заминаҳои расмиву ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Ҷумҳури Корея дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ фароҳам шудааст ва танҳо мушкиле, ки вуҷуд дорад, надонистани забон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *