Тоҷикистон барои сохтмони “Роғун” донори байналмилалӣ меҷӯяд (аудио)
Ҳукумати Тоҷикистон аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ даъват мекунад, ки барои анҷоми тарҳи сохтмони як зерсохти стратегии кишвар — нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” маблағгузорӣ кунанд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода аллакай бо Иброҳим Шукрӣ, мудири минтақавии Бонки Осиёии Рушд мулоқот кардааст. Дар ҷаласа масъалаи маблағгузории бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллии кишвар, аз ҷумла тарҳи «Роғун» матраҳ шудааст.
Қаблан раҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд Шанни Кэмпбелл гуфта буд, ки дар мулоқоти намояндагони Тоҷикистон бо донорҳои байналмилалӣ масъалаи маблағгузории ин тарҳи энержӣ низ матраҳ шудааст.
Зимнан, зикр гардид, ки Бонки Осиёии Рушд «манфиатдор аст, ки сохтмони НБО «Роғун» ба анҷом расад, вале дар робита ба ин лоиҳа суолҳои зиёде вуҷуд доранд. Онҳо «ба бозори фурӯши нерӯи барқ, харид ва таъмини чораҳои муҳофизатӣ алоқаманданд».
Ба гуфтаи Кэмпбелл, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳи «Роғун», он як манбаи даромади кишвар мешавад, аммо натоиҷи таҳқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ низ вуҷуд дорад. Донорҳои байналмилалӣ пеш аз қабули қарор дар бораи иштирок дар маблағгузорӣ бояд ба ҳама суолҳо ҷавоб пайдо намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ