Сафири ИМА: Толибон чархболҳоро намегиранд!

Сафири Амрико дар Душанбе гуфт, ИМА ва Тоҷикистон сарнавишти чархболҳоеро баррасӣ доранд, ки моҳи августи соли гузашта аз хоки Афғонистон ба кишвар омадаанд.

Ҷон Марк Поммершайм дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки кишвараш ният надорад онҳоро ба Толибон бисупорад. «Ин чархболҳо ба Толибон дода намешаванд, чун ба онҳо тааллуқ надоранд»,- илова кард сафир.

Поммершайм ҷузъиёти гуфтугӯи Вашингтону Душанберо дар масъалаи чархболҳо ошкор накард.

Толибон иддао доранд, ки пас аз фурӯпошии ҳукумати пешини Афғонистон даҳҳо чархболу ҳавопаймо ба Тоҷикистону Ўзбекистон рафтаанд ва бояд баргардонида шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *