Ҷаҳон: Коронавирус 15 млн одамро кушт

Шумораи умумии қурбониёни бемории коронавирус дар ду соли охир ба 14,9 миллион нафар расидааст. Дар ин бора Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод.

Намояндагони ин созмон омори маргу мири маризони коронавирусро дар солҳои 2020 ва 2021 ҳисоб кардаанд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки бештари беморон дар Аврупо, Амрико ва

кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ фавтидаанд. Ҳудуди 84 % фавт аз вируси COVID-19 маҳз ба ҳамин кишварҳо рост меояд.

Аз шумори умумии қурбониён 57 %-ро мардон ва 43 %-ро занон ташкил медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *