Дар Душанбе Чемпионати CAFA баргузор мешавад

Аз 13 то 20-уми май дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола баргузор мешавад. Дар чемпионат дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.

Дар маҷмуъ, дар доираи чемпионати CAFA-2022 байни наврасон (U-16) даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи вохўриҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегарданд.

Тибқи низомнома чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои наврасони то 16-сола аз рўи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рўи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-16):

Даври 1, 13-уми май

Ӯзбекистон — Эрон, Афғонистон — Қирғизистон

Даври 2, 14-уми май

Афғонистон — Ӯзбекистон, Қирғизистон — Тоҷикистон

Даври 3, 16-уми май

Эрон — Қирғизистон, Тоҷикистон — Афғонистон

Даври 4, 18-уми май

Эрон — Афғонистон, Ӯзбекистон — Тоҷикистон

Даври 5, 20-уми май

Қирғизистон — Ӯзбекистон, Тоҷикистон — Эрон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *