Тоҷикистон клиникаҳои тиббии сайёр ворид намуд

ШМ КАТС-и шаҳри Ҳисор хабар дод, ки бо мақсади ба ташхису муоина фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд ба кишвар якчанд клиникаҳои сайёр ворид намудааст.

— Дар доираи маъракаи “Корвони саломатӣ” клиникаҳои мазкур ба шаҳру навоҳии мамлакат сафар намуда, шаҳрвандонро ба муоина ва ташхисҳои ройгон фаро мегиранд,- афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки айни замон клиникаҳои сайёр дар шаҳри Ҳисор, деҳаи Ҳаёти нав қарор дошта, шуруъ аз 5-уми октябр клиникаи тиббии сайёри рақами 2 фаъолияташро  оғоз хоҳад кард.

Бино ба иттилои манбаъ, клиникаҳои тиббии сайёр фаъолияти худро дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 2022 оғоз карда, то имрӯз ба зиёда аз 90 ҳазору 705 нафар бемор хизмат расонида, инчунин 263 ҳазору 191 амалиёт, машварат ва ташхису муоинаҳо гузаронидаанд, ки аз ин 302 амалиётҳои ҷарроҳӣ мебошанд.

— Ҳама намуди хизматрасониҳо ва маводҳои доруворӣ аз ҷониби клиникаҳои мазкур ба таври ройгон тақдим карда мешаванд. Дар баробари ин, дар доираи барномаи мазкур воситаҳои нақлиёти махсусгардонидашудаи ёрирасони клиникаҳои сайёр пешниҳод карда мешаванд, ки онҳо барои дастрас намудани беморон аз деҳаҳои дурдасти куҳӣ то ба клиникаҳои сайёр хизматрасонӣ менамоянд,- меафзояд манбаъ.

Тавре зикр гардид, лоиҳаи «Клиникаҳои тиббии сайёр» аз ҷониби Барномаи хайриявии (Шоҳ Абдуллоҳ ибн Абдулазиз) Бонки Исломии Рушд идора шуда, он аз ҷониби ширкати “Нормека Интернешнл AС” амалӣ мегардад. Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд ба имзо расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *