Вазири маориф ба муассисаи таълимӣ кумак кард

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро аз муассисаи таълимии рақами 8-и ноҳияи Кӯшониён дидан ба амал овардааст.

Бино ба иттилои Раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар муассисаи мазкур сохтмони синфхонаҳои иловагӣ анҷом ёфтааст, ки барои омӯзгорону хонандагон шароити мусоиди таълиму фаъолият муҳайё мегардад.

Саидзода Раҳим Ҳамро ҳангоми дидан кардан аз сохтмони бинои иловагии муассисаи таълимии номбурда таъкид намудааст, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илм ба муассиса мизу курсӣ барои 10 синфхона кумак расонида хоҳад шуд.

Сипас, гурӯҳи корӣ бо роҳбарии вазири маориф ва илм аз рафти таъмири бинои муассисаи томактабии рақами 4 дидан кардаанд. Ҷиҳати сифати сохтмон ва таъмири бинои муассиса, утоқҳои корӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дода ва инчунин, дар бораи вазъи омодагӣ ба фаслҳои тирамоҳу зимистон суҳбат ороста шудааст.

Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин низ баромад карда, гуфтааст, ки сокинони шарафманди ноҳия бо истифода аз имконияти мавҷуда баҳри беҳтар намудани сифати фаъолият, расидан ба натиҷаҳои назаррас талош хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *