Рӯзҳои башумор то оғози мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал

Рӯзи 7-уми октябр дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал дар гурӯҳи «Е» оғоз мешавад.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дастаҳои Тоҷикистон, Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон барои роҳхати қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё мубориза мебаранд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 рӯзи 7-уми октябр бо тими Ҳиндустон бозӣ мекунад. Дастпарварони Пайрав Воҳидов 9-уми октябр дар даври дуюм бо футзалбозони Фаластин рақобат карда, дар даври ниҳоӣ рӯзи 11-уми октябр бо тими Мянмар вомехӯранд.

Ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе баргузор мешаванд. Нархи чиптаи оддӣ 20 сомонӣ ва чиптаи категорияи «СIP» 50 сомонӣ мебошад.

— Қобили зикр аст, ки ғолибони ҳашт гурӯҳ, инчунин, ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал, ки аз 15 то 26-уми апрели соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд,- меафзояд манбаъ.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал:

Гурӯҳи «Е» — Тоҷикистон, Мянма, Фаластин ва Ҳиндустон

Даври 1-ум | 7-уми октябр

16:00 — Мянма — Фаластин

19:00 — Тоҷикистон — Ҳиндустон

Даври 2-юм | 9-уми октябр

16:00 — Ҳиндустон — Мянма

19:00 — Фаластин — Тоҷикистон

Даври 3 | 11-уми октябр

16:00 — Фаластин — Ҳиндустон

19:00 — Тоҷикистон — Мянма.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *