Бозиҳои Осиёӣ: Болтаев нишони тилло ба даст овард

Дар рӯзи даҳуми Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 муштзани сангинвазни тоҷик Давлат Болтаев барои варзиши тоҷик саҳифаи наверо рақам зад ва пас аз 17 сол барои Тоҷикистон аз риштаи бокс нишони тилло ба даст овард.

Ҷаҳон Қурбонов қаблан ягона нишони тиллоро аз намуди бокс дар Бозиҳои Осиёӣ соли 2006 дар Доҳаи Қатар соҳиб шуда буд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, пас аз ба даст овардани нишони тилло Давлат Болтаев зикр кард, ки медали тиллои худро ба Пешвои муаззами миллат, Раиси шаҳри Душанбе ва мардуми сарбаланди тоҷик мебахшад.

— Муштзани сангинвазни мо Давлат Болтаев дар даври ниҳоии вазни 92 кг бар муштзани мизбон Ҳан Хуежан бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 3:2 дар як рақобати ҳассос ва душвор музаффарият ба даст овард ва нишони заррини мусобиқаро ба гардан овехт. Бо ин дастоварди шоён Болтаев исмашро дар таърихи бокси кишвар ҳаккокӣ кард. Ҳамчунин, Давлат роҳхати Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж -2024-ро ҳам ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки Болтаев дар рақобати якумаш дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 бар Арсланбек Очилови туркман пирӯзӣ ба даст овард. Болтаев тавонист, ки дар раунди дуюм Очиловро ба нокаут фиристад ва ғалабаи боварибахшро соҳиб шавад. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Давлат дар як рақобати сахту сангин муқобили Эркин Одилбек Уулуи қирғиз бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 4 бар 0 зафар ёфт ва ба даври ниманиҳоии Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 баромада, он ҷо бар Ҷаеминг Ҷионг аз Кореяи Ҷанубӣ бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 дастболо гардид.

Қаблан медалҳои Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 дар риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) — нишони тилло, Темур Раҳимов (+100 кг) — нишони нуқра, Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) — нишони биринҷӣ ва аз риштаи кураш Хайрандеш Муродзода (-66 кг) бо Ҳақназар Назаров (-90 кг) — нишонҳои биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи бонуфузи Осиёӣ 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст. 138 варзишгар аз Тоҷикистон аз 18 риштаи варзиш дар ин мусобиқа баромад мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *