Тоҷикистон талабгори қолинҳои Ӯзбекистон аст
Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мақоми воридкунандаи асосии қолин аз Ӯзбекистонро нигоҳ дошт. Дар ин бора Оҷонсии омори ин кишвар хабар медиҳад.
Ҳаҷми умумии содироти ин навъи маҳсулот аз моҳи январ то марти соли 2023 беш аз 12 млн долларро ташкил додааст. Ҳамин тариқ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,4 млн доллар афзоиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ба маблағи 1,5 млн доллар қолин ворид кардааст. Қолинҳои Ӯзбекистонро аз ҳама беш Озарбойҷон ба маблағи 1,3 млн доллар харидорӣ намудааст.
Ҳамчунин Русия низ дар сафи кишварҳои воридкунандаи қолинҳо шомил аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ