Чаро варзишгари марокашӣ аз муҳориба бо Баҳодур Усмонов даст кашид?

Варзишгари марокашӣ Нодир Абдулҳақ, ки дар даври сеюми Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс бояд рақиби варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов мешуд, бо сабабҳои номаълум аз идомаи мусобиқа даст кашидааст.

Даст кашидан аз муҳориба ба варзишгари мо имкон дод, ки бидуни мушкилӣ роҳашро ба даври чаҳорякниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Тошканд кушояд.

Ёдовар мешавем, ки муштзани варзидаи кишвар Баҳодур Усмонов зери вазни 63,5 кг дар даври аввал муқобили муштзани танзаниягӣ Алекс Исендӣ бо ҳисоби 5 бар 0 музаффарият ба даст оварда буд.

Дар даври дуюм рақиби Баҳодур аз кишвари Урдун — Муҳаммад Алкасба буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *