Тоҷикистону Қатар Шурои муштараки соҳибкорон таъсис медиҳанд
Дар шаҳри Давҳа Созишнома байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар дар бораи таъсиси Шурои муштараки соҳибкорон ба имзо расидааст.
Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Давлати Қатар, Созишномаи мазкур дар доираи мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода бо муовини якуми раиси Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар Муҳаммад ибни Аҳмад Тавор ал-Куворӣ ба имзо расонида шудааст.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ҳамчунин роҳҳои тақвияту густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, сармоягузорӣ, содироту воридот ва дар ин замина эҷоди абзорҳои самараноки ҳамкории мутақобилан судманди бахши хусусии ду давлатро баррасӣ намудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ