Варди пешниҳоди дастаи “Ал-Халиҷ”-ро рад кард

Ҳамлагари дастаи “Лестер” Ҷейми Варди пешниҳоди дастаи “Ал-Халиҷ”-и Арабистони Саудиро рад кардааст.

Бино ба иттилои Sky Sports, ҳамлагари англиси 36-сола аз гузаштан ба ин даста худдорӣ кардааст, зеро бовар дорад, ки кӯчидан ба Арабистони Саудӣ ба ӯ ва аҳли хонаводааш фоидае нахоҳад дошт.

Варди аз июли соли 2012 дар ҳайати «Лестер Сити» баромад мекунад. Ӯ дар 42 бозӣ дар ҳайати «рӯбоҳон» дар тамоми мусобиқаҳо дар мавсими 2022/23 ба майдон баромада, ба задани 6 гол ва 5 партофти головар ноил гардидааст.

Шартномаи футболбоз бо бошгоҳ то охири моҳи июни соли 2024 амал мекунад. Ин мавсим Варди бо “Лестер” дар Чемпионшип баромад мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *