“Тоҷпромбонк” расман муфлис эълон шуд
“Тоҷпромбонк“ расман муфлис эълон шудааст. Қарори муфлисшавии ин бонкро Суди иқтисодии шаҳри Душанбе рӯзи 1-уми август содир кардааст. Дар ин бора Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон хабар дод.
Рустам Мирзозода дар нишасти матбуотии қаблӣ, моҳи феврали соли равон гуфта буд, ки ба “Тоҷпромбонк” то моҳи июни соли 2023 муҳлат барои адо кардани уҳдадориҳояш дода шудааст.
Он замон ӯ зикр карда буд, ки аз болои “Тоҷпромбонк” 246 нафар шаҳрванд шикоят доранд ва 37 млн сомонӣ қарзи ин бонк боқӣ мондааст.
Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зулфия Саидзода, ки қарори муфлисшавии “Тоҷпромбонк”-ро имзо кардааст, иброз намуд, ки ин бонк дар асоси аризаи Бонки миллии Тоҷикистон муфлис эълон шудааст.
Ӯ афзуд, ки парвандаи муфлисшавӣ ҳудуди 7 сол баррасӣ гардид (3-юми марти соли 2017 оғоз шуда буд) ва дар ин муддат 5 ҳазору 726 нафар беш аз 148 млн сомонӣ маблағи амонати худро, ки дар бонк буд, бозпас гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ