Тоҷикистон ба ислоҳот дар сохтори истихроҷ зарурат дорад
Оё истифодабарии захираҳои зеризаминӣ барои иқтисодиёти тоҷик метавонад восита шавад ва рушди назаррас диҳад? Мутахассисон эътимод ва имкони комил доранд, ки барои ин иродаи қавии роҳбарияти мамлакат лозим аст, то қарори дахлдор қабул намоянд ва аллакай қадамҳои аввалин гузошта шудааст.
Тоҷикистон се сол аст, ки омодагиашро баҳри риоя намудани меъёрҳои Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ) изҳор кардааст ва ҷараёни шомилшавиро ба ин таманниёт шурӯъ намудааст.
Мекӯшем дар мисоли дигар кишварҳо бифаҳмем, ки чӣ тавр эътимод ба шаффофият имкон медиҳад, ки сармоягузорӣ ҷалб шавад ва ба буҷети баъзе кишварҳо миллионҳо ё ҳатто миллиардҳои «гумкарда”-ро аз сохтори истихроҷ баргардонад. Як чиз аниқ аст, ки ислоҳоти сохтори истихроҷ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, то ба рушди афзуни иқтисодӣ расад ва яке аз мушкилоти асосӣ — бекориро ҳал намояд ва аҳолиро ба ҷойҳои кории дарозмуддат таъмин кунад. Ҳукумати Тоҷикистон омодагии худро ба татбиқи ислоҳот дар сохтори истихроҷ соли 2012, вақте ки дар бораи тайёриаш барои пайвастан ба ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ) изҳор дошт, маълум карда буд.
26-27 феврали соли 2013 дар шаҳри Ослои Шоҳигарии Норвегия ҳамоиши 22-юми Раёсати Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ) баргузор шуд, ки дар он дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри гирифтани мақоми кишвари узви Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ) ҷонибдор шуд.
Аз Изҳороти Ҳукумат дар барои пайвастан ба ТШСИ: «Сохтори захираҳои зеризаминӣ метавонад неруи ҳаракатдиҳандаи рушди индустриалии мамлакати мо гардад ва ба ҷалби сармоягузории беш мусоидат кунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷро ҷонибдорӣ мекунад ва чунин меҳисобад, ки татбиқи он ба ташаккули усулҳои идоранамоӣ дар соҳаҳои истихроҷ мусоидат мекунад, муҳити сармоягузориро баҳри истифодаи самарабахши захираҳои табиӣ беҳтар намояд».
Кори дурудароз ва пурзаҳмати кишвар баҳри риояи меъёрҳои ТШСИ, ки асосаш шаффофияти пурра ва ошкор намудани иттилооти ширкатҳои истихроҷкунанда ва чопи онҳо дар ҳисоботи миллии ҳарсолаи ТШСИ шурӯъ шуд. Ҳисоботи аввалин оид ба натиҷаҳои соли 2014 тирамоҳи соли 2015 ба табъ расида, барои ҷомеаи васеъ муаррифӣ шуд.
Талабот ба шаффофият барои кишваре, ки мехоҳад дар ҳайати ТШСИ бошад, дар мақоми аввал меистад. Шаффофият ба ҳамаи сармоягузорони хурду миёна имкон медиҳад, мамлакат ва қонунҳои онро беҳтар «бубинад, фаъолияти ширкатҳои амалисозандаро биомӯзанд ва қарор қабул намояд. Дастнарасии иттилоот барои сармоягузор ин изтироб аз фасод ва беэътимоднокии система мебошад.
ТШСИ дар ҷаҳон
Муносибатҳои пӯшида, ҳодисоти зиёди коррупсионӣ ва ҷанҷолҳои бо онҳо алоқаманд дар соҳаи истихроҷи нафт дар соли 2002 ба пайдоиши Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷ (The Extractive Industries Transparency Initiative, EITI) оварда расонд. То моҳи ноябри соли 2016 аллакай 51 кишвар иштирокчии ТШСИ, дар моҳи декабри соли 2015 шумораи иштирокчиён 49-то буд. Бар замми ин, панҷ мамлакат барои иштирок дархост доданд. Инҳо Австралия, Гвинияи Экваторӣ, Фаронса, Габон ва Гайана мебошанд.
Дар байни мамлакатҳои пайрави ТШСИ Норвегия, Алания, Муғулистон, Ироқ, Индонезия, Нигерия, Мали ва дигарҳо ҳастанд. Аз Осиёи Марказӣ мамлакатҳои пайрав — Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Тоҷикистон мақоми номзад ба ТШСИ-ро дорад. Ӯзбекистон ва Туркманистон ба ТШСИ ворид нестанд. Дар миёни кишварҳои номзад ба ТШСИ ИМА, Германия, Британияи Кабир, Украина, Озарбойҷон, Афғонистон, Мадагаскар, Ҳабашистон, Колумбия низ ҳастанд.
Кишварҳои пайрави ТШСИ ҳамсоягони наздики Тоҷикистон Қазоқистон ва Қирғизистон маҳсуб меёбанд.
Ин барои чӣ лозим аст?
Фоида ба мамлакатҳое, ки ТШСИ-ро татбиқ мекунанд, дар беҳбудии муҳити сармоягузорӣ ифода мешавад. Ширкатҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ аниқ воқиф мешаванд, ки ҳукумати мамлакат ба шаффофияти сатҳи калон ноил шудааст. Ҳамзамон, ширкатҳои давлатӣ ва хусусии мамлакатҳои пайрави ТШСИ аз ҳисоби коҳиши таваккалҳои обрӯӣ барои ширкатҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ ва сармоягузорони хориҷӣ торафт ҳарифони дилхоҳ мегарданд. Афзоиши шаффофият дар сарфи маблағҳо ва татбиқи бавиҷдононаи таҷрибаи идоранамоӣ ба таълими муътадилии калони иқтисодӣ ва сиёсат мусоидат мекунад, ҷанҷолҳоро, ки аксар дар атрофи сохторҳои истихроҷи нафт, газ ва кӯҳкорӣ дар мамлакати маърифат, шаффофияту ҳисоботдиҳиаш паст аст, пешгирӣ менамояд.
Имрӯз аллакай 80 ширкати бузурги нафту газ ва канданиҳои кӯҳӣ барои татбиқи ТШСИ талош меварзанд. Онҳо ҳамчун сармоягузороне, ки барои беҳтар кардани муҳити сармоягузории худ, ки хислати кушода дорад, сармояи худро ба муҳлати дурудароз мегузоранд. Фаъолияти шаффоф дараҷаи таваккалро дар бизнес коҳиш медиҳад. Бар замми ин, тавре ширкатҳои эътимод ҳосил карданд, татбиқи ТШСИ бовариро ба онҳо аз тарафи шаҳрвандон таҳким мебахшад.
Сохтори истихроҷи Тоҷикистон захираи бузургро дорост, аммо нишондодҳои соҳаҳои истихроҷ нисбатан хоксорона мебошанд — 3,07% ММД, 4,2,% даромад ба буҷет, 5,18% шуғлнокӣ ва 23,5% содирот аст. Таҳлилгарон бар онанд, ки дурнамои сохтори мазкур метавонад дар иқтисодиёт пешрав шавад, зеро ислоҳот гузаронда истода, шаффофиятро бештар карда, мамлакат метавонад нишондиҳандаҳои худро дар бобати даромад ба Буҷети давлатӣ аз соҳаи истихроҷ ба маротиб афзоиш диҳад.
Котиботи миллии ТШСИ дар Тоҷикистон,
тарҷумаи Э. НАЗАРОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ