Толеъномаи 12 апрели 2017
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Муноқишаву нофаҳмие, ки дар ҷойи коратон рух медиҳад, шӯхиомез қабул кунед. Ба хӯроки мехурдаи худ диққат диҳед, эҳтимоли бемор шуданатон вуҷуд дорад. Маблағи пулиеро, ки имрӯз ба даст меоред, ба осонӣ аз даст медиҳед. Ба рашки беҳуда роҳ надиҳед, вагарна рӯзҳои наздик аз моҷаро халосӣ намеёбед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар ин рӯз кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳед, вале дар ҷойи кор аз шумо фоидае намерасад. Бонувонро вохӯрии ошиқона ё хабари хуши ногаҳонӣ интизор аст. Мардҳо бояд аз харҷи беҳуда худдорӣ намоянд. Хобҳои дидаатон амалӣ мегарданд. Бегоҳирӯзиро бо шахсони бароятон азиз гузаронед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Агар корҳоятонро пешакӣ ба нақша гиред, рӯзи бобарор мешавад. Беҷуръатӣ ё таъсири нафари бегона боиси аз даст додани маблағи пулиятон мегардад. Ба ақли солим такя намоед, ба нуқтаи назари наздиконатон ҳам бовар накунед. Ҳангоми хариди калон кардану ба хешовандони худ қарз додан нағзакак фикр кунед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ҳама кор ба эҳтиёткориву ҳушёрӣ роҳ диҳед. Ба комёб гаштан умед набандед, барои ба мақсад расидан беҳтараш кӯшиш ба харҷ диҳед. Дар масъалаҳои пулӣ ба фиреб роҳ надиҳед. Бемориҳои узвҳои ҳозима имкон доранд. Бонувони муҷаррад шоҳзодаи орзуҳои худро пайдо мекунанд.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Рӯзи душвор аст. Субҳгоҳон яке аз наздикон бо муноқиша табъатонро хира мегардонад. Дар муносибатҳои шахсӣ нофаҳмӣ рух медиҳад ё дар касбу кор ба хатогӣ роҳ медиҳед. Хабари нохуш нақшаҳоятонро тағйир медиҳад ё аз нақшаи худ даст мекашед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Рӯзи серташвиш аст, мушкилӣ аз ҳар ҷониб пайдо мешавад. Бо вуҷуди нобарориҳо бештар табассум кунед ва зиндагиятон пурнишот мегардад. Ба нафароне, ки пайваста дар паҳлуятон ҳастанд, шарм надошта муҳаббату эҳтироми худро нишон диҳед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Рӯзи бобарор аст, аз субҳгоҳон нақшаи кору рафтори худро тартиб диҳед. Маълумоти нодуруст шунида ё зери таъсири нафари бегона парешонхотир мегардед ва ин сабаби бебарориҳоятон дар чанд ҳафтаи дигар мегардад. Ниятҳои худро ҳатто ба нафарони наздикатон нагӯед. Баъди нисфирӯзӣ табъатон хира гашта худро нотоб ҳис мекунед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз мушкилиҳои хурди маиширо рафъ карданатон лозим меояд. Нафароне, ки меҳмонро интизоранд, мушкилӣ сар зада нақшаҳоятон тағйир меёбанд. Ошиқон бо ҳам низоъ мекунанд. Саломатии худро фаромӯш накунед, барои истироҳат пешакӣ вақт ҷудо кунед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар оилаи баъзе қавсҳо тавлиди фарзанд дар назар аст. Хариди калон бобарор анҷом меёбад. Баъди нисфирӯзӣ хеле боэҳтиёт бошед, хатари ҷароҳат бардоштану ба садама гирифтор шуданатон имкон дорад. Дар сарфи маблағ сабукфикрӣ накунед. Бонувони муҷаррад бахти худро пайдо месозанд.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз бо касе шинос шуданро маслиҳат намедиҳем, вохӯриҳои нав оқибати ногуворро ба бор меоранд. Маблағи худро бо мақсади ба даст овардани фоидаи дучанд сарф накунед, вагрна тамоман бепул мемонед. Асабонияти зиёд ва ба эҳсосот дода шуданатон боиси рух додани муноқиша дар ҷои коратон мегардад.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ҳаётатон тағйиротҳои куллӣ рух медиҳанд. Бемории зуком ташвиши зиёд меорад. Хоҳиши зудтар шифо ёфтан боиси он мегардад, ки бо худтабобаткунӣ машғул шуда ба худ зарар мерасонед ва беморӣ тӯл мекашад. Бо кӯмаки дӯстону наздикон ба комёбӣ муваффақ мегардед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Эҳсоси яъсу ноумедӣ ба дилатон роҳ ёфта, андешаи он ки ҳаёт зудгузар аст, шуморо руҳафтода мегардонад. Барои он ки ғаму андуҳ ба дилатон роҳ наёбад, лаҳзаҳои хушу гуворои ҳаётатонро ба ёд биёред. Мардҳоро вохӯрии ошиқона интизор аст. Саломатиятон дар ин рӯз беҳтар мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ