Толеъномаи 16 март 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Муносибататонро нисбат ба кор ҷиддӣ кунед. Ҳамалҳое, ки воситаи нақлиётро идора мекунед эҳтиёткор бошед. Саломатии яке аз пайвандон имрӯз шуморо ташвиш медиҳад. Рӯз барои вохӯриҳои ошиқона мувофиқ нест.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Имрӯз бисёр корҳоятон  бобарор анҷом меёбад. Подоши некиҳои кардаатонро мегиред. Аз муноқиша бо ҳамкорон дурӣ ҷӯед. Барои айру гашт дар ҳавои тоза рӯзи хуб аст. Даромади хурди пулӣ дар наар аст.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯзи муқарраист. Ягон навгоние пешгӯӣ карда намешавад.Кӯшиш кунед, ки аз раҳмдилиатон сӯистифода накунанд. Саломатиатон хуб буда,имрӯз шуморо ташвиш намедиҳад. Бегоҳирӯзӣ ба аёдати волидайн равед хуб мебуд.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Аз меҳнати зиёди ҷисмонӣ имрӯз даст кашед. Кореро, ки аз ӯҳдаи иҷрояш намебароед ба дӯш нагиред. Аз шунидани хабари хуше болидарӯҳ мегардед. Барои хуб нигоҳ доштани вазъи саломатиатон аз истеъмоли хӯрокҳои бирёни ва вазнинҳазм даст кашед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Даствордҳоятон вазъи молиявии оилаатонро боло мебардорад. Сабру тоқати шуморо дар ин вақт атрофиён баҳои хуб медиҳанд. Ҳатман вақт ёфта аз ташхиси духтур гузаред то беморииирсӣ авҷ нагирад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Сарфакориро барои худ пеша қарор диҳед. Аз вохӯриҳо ва гуфтугузорҳо даст накашед. Рӯзи мувофиқ барои сафар кардан нест. Дар охири рӯз барои баровардани хулосаатон эҳтиёт бошед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Ба атрофиён боэҳтиёт муомила карданро фаромӯш насозед, зеро дар ояндаи наздик ба корҳои шумо дахолат карданашон дар назар аст. Омадани меҳмони ногаҳонӣ ба хонаатонро ситораҳо пешгӯйӣ мекунанд.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Рӯзи бобарор дар тиҷоратро ситораҳо пешгӯйӣ мекунанд. Дар нимаи дувуми рӯз тағйироти зиёд ба вуҷуд омаданаш мумкин аст. Барои оила ва муносибат ба фарзандон бештар вақт ҷудо кунед. Бегоҳирӯҳзӣ  вохӯрӣ дар назар аст. Бояд ба омодагии хубу сару либоси зебо ба онҷо равед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Ба ба корҳои  майдаи хона, аз қабили таъмири техникаҳои маишӣ, пешдолон ва ҷевон даст занед. Серкорӣ боиси асабоният мешавад. Ситораҳо ин шомро дар ҳалқаи оила ва аёдати падару модар гузаронданро тавсия медиҳанд.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Нисбат ба саломатиатон бетафовут набошед. Кӯшиш кунед, ки аз ҳама чизи беҳуда асабонӣ нашавед. Нисфирӯзӣ пешниҳоди хуби корӣ мегиред. Нисбат ба ҳамсаратон дуруштмуомилагӣ накунед. Хиёнати шахси назди ба синаи шумо ханҷар мезанад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Имрӯз каме нофаҳмиҳо дар назар аст. Дар коргоҳ аз баъзе камбудиҳо асаби шуданатон тамоми ҳафта азият медиҳад. Нимаи дувуми рӯз  шуморо навгонии ногаҳоние дар назар аст. Рӯз барои хариди калон мувофиқ нест.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Имрӯз онеро вамехӯред, ки дер боз интизораш будед. Дар кор низ лоиҳаи бобароре ба имзо мерасонед, ки дар ояндаи наздик фоидаи калон мебиёрад. Барои саломатӣ каме ба пиёдагардӣ ва варзиши сабук машғул шавед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *