Боздошти генерали навбатӣ

Нисбати Шуҳрат Тошпулотов, генерали 53-солаи Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Вай пештар ба ҳайси муовини раиси Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон фаъолият мекард.

Ба навиштаи расонаҳо, Шуҳрат Тошпулодов бо дархости додситонии низомии Ӯзбекистон ҳанӯз моҳи феврал боздошт шудааст.

Манобеъ мегӯянд, Тошпулодов дар доираи парвандаи муовини зиндонии раиси Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон Шуҳрат Ғуломов боздошт шуд.

Тошпулодов 31 июли соли 2017 бо фармони раисҷумҳури ин кишвар иҷрокунандаи вазифаҳои муовини раиси Хадамоти амният ва раиси бахши Хадамоти амният дар вилояти Тошканд таъйин шуда буд ва дар моҳи январи соли ҷорӣ аз мақом барканор гардид.

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон 19 январи соли ҷорӣ дар мулоқот бо фаъолони вилояти Сурхандарёи кишвараш гуфта буд, ки якбора се муовини Хадамоти амнияти миллӣ, аз ҷумла Шуҳрат Тошпулодовро аз мақом барканор кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *