Толеъномаи 2-юми июли соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ҷодаи касбу кор пешравӣ имкон дорад, вале нуқтаи назари худро аз дигарон боло нагузоред, вагарна ба ғалате роҳ медиҳед, ки бар асари он маблағи зиёди пулӣ ё обрӯву нуфузатонро аз даст медиҳед. Барои ба дили дӯстдоштаатон роҳ ёфтан гапи дурӯғ мегӯед, вале эҳтиёт шавед, ки худатон фиреб нахӯред.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав, сайру саёҳат ва қабули меҳмон. Муносибати некатон нисбати атрофиён боиси комёбиҳо дар оянда мегардад. Парешонхотирӣ ва бо як кор машғул шуданро нахостанатон дар касбу коратон мушкилӣ меорад. Нӯшидани машрубот, чидани гул ва оташ афрухтанро маслиҳат намедиҳем. Дар атрофи ҷӯй ё дарё сайр кардан хуб аст.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз аз муноқиша ва баҳсу мунозира дурӣ ҷӯед. Бо нафаре шинос шудану оиладор шуданро маслиҳат намедиҳем. Агар имрӯз бо нафаре низоъ намоед, баъдан оштӣ шуданатон душвор ва ҳатто номумкин мегардад. Тағйир ёфтани вазъи ҳаво ба саломатии нафароне, ки бемории фишорбаландӣ доранд, беасар намемонад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз бо мушкилиҳое, ки кайҳо фаромӯш карда будед, аз нав рӯ ба рӯ мегардед. Акнун ин мушкилиҳо аз нав сар зада, табъатонро хира месозанд. Аз шиносоиҳои ошиқона худдорӣ намоед, вагарна аз нобарориҳои рӯзҳои наздик халосӣ намеёбед. Дар масъалаҳои пулӣ ба маслиҳати атрофиён гӯш диҳед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз хеле эҳтиёткор бошед, дар ҷои кор ба ғалат роҳ надиҳед, то ки роҳбарият ё ҳамкорон эрод нагиранд. Рафтори ғайриоддии шумо ба атрофиён нофаҳмо мегардад. Одати аз пашша фил сохтанатон шуморо ба хулосаҳои саросемавор меоранд. Дар хона эҳтимоли рух додани муноқишаи калон вуҷуд дорад, босабру ботаҳаммул бошед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз ҳодисаҳои гуворо ва шиносоии ногаҳонӣ рух медиҳанд. Тағйироте, ки дар ҷойи кор рух медиҳанд, дар мадди аввал табъатонро хира месозанд, вале заррае набояд хавотир шавед. Дар касбу кор муваффақ мегардед, вале қаноатманд намегардед. Барои оғози тиҷорат ва савдои хурд рӯзи мусоид аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз аз муноқишаву низоъ худдорӣ намоед. Ҳар қадаре шумо фаъол бошед, ҳамон андоза мушкилиҳоятон зиёд мегарданд. Ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, рӯдаву меъдаатон дар ин рӯз заиф мегардад. Рӯзи хубест барои бастани ақди никоҳ. Кӯшиш намоед, ки қувваву пул ва вақти худро беҳуда сарф накунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз нисбати волидон ва пиронсолони оилаатон ғамхорӣ зоҳир намоед. Хислати шуморо атрофиён хеле бо душворӣ таҳаммул мекунанд. Фаромӯш насозед, ки рӯзе неши ақраб бар худаш низ таъсир мерасонад ва ҳама чизро барбод медиҳад. Беҳтараш аз пайи амалӣ сохтани нақшаҳое шавед, ки чандон хатарнок набошанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав ва саёҳат кардану қабули меҳмонон. Хушчақчақӣ, дилрабоӣ ва ақидаҳои беназиратон боиси муваффақиятҳо дар ояндаатон мегардад. Дар хоб дидани муноқишаву баҳс аз бурбдорӣ дарак медиҳад. Ба гапҳое, ки дар бораи дӯстдоштаатон мешунавед, бовар накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Тамоми нақшаву ниятҳое, ки дар ин рӯз доред, амалӣ мегарданд. Эҳтимол барои ҷалб сохтани атрофиён андаке ба муболиға роҳ медиҳед, вале ақидаҳоятон самараи хуб медиҳанд. Имкони ба даст овардани маблағи хуб вуҷуд дорад. Ҷаддиҳо муҷаррад бо нафаре шинос мешаванд, ки шиносоияшон ба муҳаббати бузург мубаддал мегардад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз танҳо нақшаву ниятҳоеро ба дӯш гиред, ки аз уҳдааш мебароед ва онро то охир расонед. Гӯш кардани мусиқии таскинбахш, маҳси бадан ё дар ҳавои тоза сайр кардан руҳатонро болида мегардонад. Барои ба сафар баромадану қабули меҳмон рӯзи мусоид аст.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Бо нафароне, ки ба меҳру муҳаббати шумо ниёз доранд, аз он ҷумла бо волидон робитаи худро канда насозед. Ба саломатии худ бодиққат бошед. Бегоҳирӯзӣ нерӯятон дучанду табъатон болида мегардад. Бегоҳирӯзӣ асабатон хароб мегардад. Бо нафарони калонсоли оила гапатон мегурезад. Шумо ба истироҳати бофароғат ниёз доред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *