Бурак бемор аст? Шарҳи Раҳими Ғармӣ

Соҳибкори тоҷик Раҳим Бобоҷонов, молики тарабхонаи “Бурак”-и шаҳри Душанбе овозаҳо дар мавриди бемории ошпази маъруф Буракро шарҳ дод. Ӯ гуфт, Бурак каме нотоб аст.

Раҳими Ғармӣ дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев сабаби боз кардани тарабхонаи бренди “Бурак”-ро шарҳ дод. Ӯ гуфт, ки чанд сол қабл дар яке аз тарабхонаҳои “Бурак” буд ва таомҳояш писандаш омад, бинобар ин, тасмим гирифт, ки дар Душанбе тарабхонаи ин брендро боз кунад. “Будани чунин тарабхона дар пойтхати азизамон муҳим аст”-гуфт, номбурда.

Ҳамчунин, Раҳими Ғармӣ овозаҳо дар мавриди бемор будани Буракро шарҳ дод. Ӯ гуфт: “Дар ин бора суҳбат карданӣ набудам, вале Бурак каме нотоб аст”. Вале Раҳим Бобоҷонов дақиқан нагуфт, ки ӯ чӣ беморӣ дорад. Ӯ гуфт, ки феълан сиҳатии ӯ беҳ шуда, қарор аст, баъди ду ҳафта ба Душанбе ояд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл расонаҳо навишта буданд, ки сарошпази машҳур Бурак омоси сар дорад ва ҷарроҳӣ шудааст. Бурак соли 1994 таваллуд шуда, яке аз маъруфтарин ошпазҳо аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *