Қубодиён: Дар 5 сол 12 корхона ва 130 иншоот месозанд

Дар панҷ соли оянда дар ноҳияи Қубодиён бунёди 12 корхонаи саноатӣ дар назар аст. Танҳо имсол дар нақша аст, ки ҳашт корхона сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Давлатзода Муъминхӯҷа, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Қубодиён дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки корхонаҳои саноатӣ бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва ҳиссаи соҳибкорони ватанӣ бунёд мешаванд. Ӯ мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд дар панҷ соли оянда шумораи корхонаҳо зиёд мешавад. Ба гуфтаи вай, аллакай се корхона ба фаъолият оғоз кард. “Давоми шаш моҳи оянда боз панҷ корхонаи дигар бояд ба фаъолият шуруъ кунанд. Баъди ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои саноатӣ 103 ҷойҳои корӣ ташкил мешавад. Бо зиёд кардани шумораи корхонаҳои саноатӣ сатҳи бекорӣ ба таври назаррас коҳиш ёфта, иқтисодиёт низ ғанӣ мегардад”,- афзуд ӯ.

Давлатзода Муъминхӯҷа гуфт, ки дар доираи нақшаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бунёди беш аз 130 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Танҳо соли 2022 беш аз 20 иншоот ба баҳрабардорӣ супорида мешавад. Боқимонда мувофиқи нақша марҳила ба марҳила ба истифода дода мешаванд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *