Толеъномаи 20 декабр 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз аз сири ниҳоне огаҳ мегардед, вале бояд қаҳру ғазаби худро нигоҳ доред. Барои амалӣ сохтани нақшаҳо бояд ҷасуртар амал намоед. Аз хастагии зиёд аз баҳри кор баромадан мехоҳед, вале ба чунин заифӣ роҳ надиҳед. Барои кӯмак ва дастгирӣ ба шахси наздиктаринатон муроҷиат намоед. Нафарони муҷарраде, ки аввали моҳи апрел тавлид ёфтаанд, оиладор мешаванд. Агар бемориҳои музмин дошта бошед, охири рӯз аз ташхиси иловагӣ гузашта, вақти бештари худро ба ғизо ва саломатӣ ҷудо намоед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар ин рӯз тамоми диққати худро ба саломатӣ равона созед. Хастагии аз ҳад зиёд боиси паст шудани масунияти бадан ва бемор шуданатон мегардад. Бо шарикони корӣ ба осонӣ забон ёфта, ҳама гуна нофаҳмиро рафъ месозед. Мунтазам вазъи молиявиро беҳтар месозед. Ба ғизои худ диққат дода, либоси гарм пӯшед. Аз робита бо одамон дурӣ ҷӯед, эҳтимол нафаре шуморо сахт меранҷонад. Шомгоҳ худро бо корҳои рӯзгор аз ҳад зиёд хаста нагардонед. Нафарони муҷаррадро вохӯрии тақдирсоз интизор аст.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар ин рӯз нафарони оиладор ҳам муноқишаву низоъро аз сар мегузаронанду ҳам шаҳди оштишавиро мечашанд. Агар миёни шумову дӯстдоштаатон вақтҳои охир дилсардӣ бошад, дар ин рӯз эҳтимоли ҷудо шуданатон вуҷуд дорад. Бо вуҷуди он ки хоҳиши кор карданро надоред, худро маҷбур кунед. Имкониятҳои нави пулкоркуниро аз даст надиҳед, маблағи хуб ба даст меоред. Аз хастагӣ, бемадорӣ ва фишори руҳӣ танҳо истироҳат ва хоби бароҳат раҳоятон мебахшад. Ба кӯмаку дастгирии наздикон ниёз пайдо мекунед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Рӯз бароятон мушкил меояд. Дар ҷои кор ва хона корҳои ҳалталаб хеле зиёд мешаванд. Серкорӣ ба сифати коратон бе таъсир намемонад. Нисбати яке аз ҳамкорон дар дилатон шуълаи меҳру муҳаббат аланга мезанад. Рафту шумо ҳарду муҷаррад бошед, аз пайи барпо намудани оилаи худ шавед. Нафаронеро, ки эҳсоси хастагӣ ҳеҷ рафъ намесозад, аз усулҳои табобати халқӣ бояд истифода бубаранд. Интизор шуда нашинед, мушкилоти пулӣ бе дахолати шумо рафъ намегардад ва ба умеди дастгирии дигарон нашавед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Рӯзи ором аст, вале дар баъзе ҳолатҳо ба эҳсосот дода мешавед. Дар лаҳзаҳои мушкил қаҳру ғазаби худро фурӯ ниҳода, аз паи амалӣ сохтани хостаҳои наздикон бошед. Мушкилоти зиёди оилавиро бо дастгириву якдилии аъзоёни оила бартараф сохта метавонед. Дар ҷодаи муҳаббат шуморо муждаи хуш ва шодиву нишот интизор аст. Нафароне, ки бо табобати бемориҳои музмин машғуланд, эҳтимоли шифо ёфтанашон зиёд аст. Агар нияти оғоз намудани тиҷорати шахсиро дошта бошед, давраи мусоидро аз даст надиҳед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ин рӯз яку якбора аз пайи анҷом додани ду кор нашавед, вагарна корҳоятон нотамом мемонанд. Барои он ки аз барор нагирифтани кор руҳафтода нашавед, нерӯи худро беҳуда сарф накунед. Ҳама гуна ташвишу фикрҳои мағшушро аз сар дур андозеду нағзакак истироҳат намоед. Ба муносибатҳои ошиқона рангу бӯйи тоза бахшидан хоҳед, барои дӯстдоштаи худ лаҳзаи хотирмон барпо намоед. Гурдаву миёни худро аз гармохунукшавӣ эҳтиёт кунед. Дар масъалаҳои пулӣ ба амалҳои беандеша роҳ надиҳед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Аз мушкилоти ба саратон омада гурехта, кунҷи танҳоӣ ихтиёр намудан мехоҳед. Беҳтараш аз ин амал худдорӣ намоед, зеро дар ҳаёти шумо давраи комёбиҳо фаро мерасад, дастоварду муваффақиятҳоро аз даст надиҳед. Дар муносибатҳои ошиқона тағйиротҳои калонро интизор бошед. Вақте расидааст, ки бо пешгирӣ намудани бемориҳои рагҳои хунгард машғул шавед. Нафароне, ки баҳсҳои ҳуқуқӣ доранд, дар ин рӯз онро бартараф месозанд. Охири ҳафта имкони сарфа кардани пул ва кам кардани хароҷотро пайдо месозед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз қабл аз он ки ҳарферо ба забон биёред, хуб андеша намоед. Сухани гуфтаи шуморо нодуруст қабул мекунанд ва ин ба касбу коратон бе таъсир намемонад. Дар корҳои дигаратон нофаҳмӣ дида намешавад. Шиносоии ошиқона мафтуну шайдоятон месозад. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ ба гардиши хун ва мубодилаи моддаҳо диққати хоса дода, як даври маҳси табобатӣ гиред. Бо масъалаҳои пулӣ машғул нашавед, вагарна пули калонро аз даст медиҳед. Сафарҳо бобарор мешаванд.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Вақте расидааст, ки ғалату камбудиҳои дар корҳоятон роҳдодаро ислоҳ намоед. Дар муносибат бо наздикон аз гуфтану кинояву гапи нимғурма худдорӣ намоед. Муносибатҳои ошиқона мушкилиҳоро ба бар меоранд. Нафароне, ки аз бехобӣ азият мекашанд, аз машқҳои махсуси нафас истифода бурданро тавсия медиҳем. Дар масъалаҳои пулӣ ба дастгирии дӯстон умед набандед. Нимаи дуюми рӯз барои харидани мебел ва дандонпизишк пул сарф мекунед. Ба ҳеҷ ваҷҳ пулро барои саломатии худ дареғ надоред.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Аввали рӯз каме душвор меояд, аз ин рӯ сабр намуда, ба коре даст назанед. Эҳтимоли сафари роҳи дур дар назар аст. Вақте расидааст, ки аз пайи ташхиси бемориҳо ва табобат шавед. Сиру асрори фошгашта боиси фишори руҳӣ мегардад. Охири рӯз ҳангоми ба бозору мағоза рафтан маблағи зиёди худро барои чизҳои нодаркор сар мекунед. Нафарони оиладор дар дил нисбати ҳамсафари ҳаётӣ шубҳаву гумони бад пайдо намуда, аз пайи тафтишоти пинҳонӣ мешаванд. Худро ба даст гиред, ба рашки зиёд роҳ надиҳед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз ҷасуриву корчаллонӣ ва ҳисси масъулиятнокиро хеле хуб нишон дода метавонед. Баъзе мушкилиҳоро бояд аз атрофиён пинҳон нигоҳ доред, он гоҳ аз танқиду монеагузориҳои эшон эмин мемонед. Дар муносибатҳои ошиқона агар нияти оиладоршавӣ дошта бошед, ҷиддитар амал намоед. Нафароне, ки ҳамарӯза бо пойафзоли пошнабаланд мегарданд, барои беҳдошти саломатӣ баъзан пойафзоли паст пӯшиданашон лозим меояд. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ имкониятҳои беҳтарин пеш меоянд.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Одати зудранҷӣ ва нозукдилӣ дар корҳои муҳим монеа эҷод мекунанд. Баъзан ба назаратон чунин менамояд, ки ҳамкорону хешовандон ба қадри заҳмататон намерасанд ва шуморо дарк намесозанд. Шумо иштибоҳ мекунед. Шитобкорона хулосабарорӣ накунед ва дили онҳоеро, ки дӯстатон медоранд, наранҷонед. Дар ҷодаи муҳаббат камтарин нофаҳмӣ боиси муноқиша мегардад. Барои беҳдошти саломатӣ дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред. Имкони баргардонидани қарзҳои куҳнаро пайдо месозед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ