9 медали каратэчиёни тоҷик дар Чемпионати Осиёи Марказӣ

Варзишгарони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба каратэ WKF миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон 9 медал (4 тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.     Дар ин бора  аз Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон  хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа медалҳои тиллоро Муҳаммадхӯҷа Азаматов (-52кг), Парвиз Азизиён (-70кг) миёни наврасони 14-15-сола ва Умед Сафаров (-76кг) миёни ҷавонони 16-17-сола сазовор шуданд. Медали чоруми тиллоро варзишгарони мо дар равияи кумитэи даставӣ дар ҳайати Фаррух Раҳимов, Маҳмаёри Ҳикматулло, Исмоил Раҷабов, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов, Муҳаммад Тешаев, Абдуваҳоб Шарапов, Умед Сафаров миёни ҷавонони то 18-сола ба даст оварданд.

Муҳаммад Тешаев (-55кг), Бекзод Маҳмудов (+76кг) миёни ҷавонони 16-17-сола, Абдуваҳоб Шарапов (-67кг) миёни ҷавонони то 18-сола медалҳои нуқра ба даст оварданд. Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (-60кг) ва Фаррух Раҳимов (+87кг) миёни ҷавонони то 18-сола сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, чемпионати мазкур 17-18 декабр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон бо иштироки варзишгарони ҷумҳуриҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби  Тоҷикистон  дар ҳайати 16 нафар, аз ҷумла 10 варзишгар ба ин мусобиқа сафарбар гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *