Имрӯз барф меборад

Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешбинӣ шуда, боридани борону барф  ва фаромадани туман  дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани   барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3-8,  рӯзона -4+1  ва дар шарқи ин вилоят шабона -12-17  ва рӯзона -4-9  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  боридани борону барф ва фаромадани туман   дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -4+1  ва рӯзона аз  2+4  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,  дар водиҳо борон ва   дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона   +5+10    дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда, дар водиҳо  борон борида, шабона ба барфи тар мубаддал мегардад. Инчунин  дар ноҳияҳои кӯҳӣ  боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорат шабона 0+5  ва рӯзона    ба  3+8  дараҷа гармӣ мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,  борон меборад. Шабона борон ба барфи тар мубаддал мегардад. Ҳаво  шабона 0+2  ва рӯзона +5+7 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *