Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Имрӯз бо идеяҳои аҷиб роҳбару ҳамкоронатонро ба ваҷд меоред, вале ҳасудхӯрон аз барор гирифтани корҳоятон начандон хурсанданд. Нимаи дуюми рӯз даромади калони пулиро интизор бошеду дар сарф кардани маблағ эҳтиёт бошед, хайру сахоро низ фаромӯш накунед. Вазъи саломатии шахси наздикатон охири рӯз ташвишатонро зиёд мекунад. Ошиқатон бо ваъдаҳои бардурӯғаш ҷонатонро ба нӯги биниатон меораду фикри ҷудоӣ ба саратон меояд. Хуб фикр кунед, то баъд пушаймон нашавед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Рӯз бароятон навигариҳои зиёдеро пеш меорад. Бояд аз таҳти дил адои вазифа намоед, вагарна аз боварии роҳбаратон ба осонӣ мебароед. Нимаи дуюми рӯз мушкилоти пулӣ пеш меояду саратонро ба дард меорад. Зиндагӣ пур аз пастиву баландиҳост. Аз ин рӯ, ба тиҷорат машғул шавед, вале ба ҳирси пулу мол дода нашавед.Бо пайдо шудани шарики корӣ муваффақият насибатон мегардад. Пас аз кор шоми ошиқона ороеду аз дидори якдигар сер шавед.
Аз ташвишҳои зиёде, ки имрӯз пеш меоянд, худро гум накунед. Кори зиёд ба дилатон зада, мехоҳед ҳамаашро зудтар ба сомон расонед. Аз наздиконатон кӯмак пурсед, нафаре ҳатман ба додатон мерасад. Нимаи дувуми рӯз даромади на он қадар калони пулӣ имкон медиҳад, ки наздиконатонро бо туҳфаҳои аҷиб хурсанд кунед. Ошиқатон ба мулоқот даъват мекунаду хабари хушеро мерасонад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Вақте расидааст, ки ҷиҳози нодаркору либосҳои куҳнашударо партоеду манзили худро тоза кунед. Дар муносибат бо атрофиён дағалӣ накунед, фаромӯш насозед, ки захми шамшер мераваду захми сухан не. Рафтору кирдоратонро назорат кунеду минбаъд дили касеро наранҷонед. Охири рӯз дилатон худ ба худ сиёҳӣ оварда, руҳафтода мешавед. Озурда набошеду саломатиятонро эҳтиёт кунед. Ошиқатон бе ягон сабаб баҳонаҷӯйӣ карда, аз шумо рӯй метобад. Худро ба даст гиреду аввалин шуда барои оштишавӣ нашитобед. Бигзор хатояшро дарк намуда, аз шумо узр пурсад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Аввали рӯз тамоми корҳои нотамомро ба сомон расонед, зеро нимаи дуюми рӯз шуморо ба ҷамъомаде, ки бароятон зарур аст, даъват мекунанд. Дар ин маҳфил пайдо намудани дӯстони нав аз эҳтимол дур нест. Сире, ки тайи чанд вақт аз шумо пинҳон медоштанд, фош мегардад. Як ғалати дӯстдоштаатон шуморо асабӣ месозад. Сабру таҳаммулро пешаи худ сохта, ошиқатонро ба роҳи рост ҳидоят кунед, шояд хатогияшро фаҳмида ислоҳ мешавад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Имрӯз худро хеле бемадору нотавон ҳис мекунед. Барои ба худ омадан бештар мева ва сабзавот истеъмол кунеду масуниятатонро бақувват кунед. Нимаи дуюми рӯз лоиҳае, ки кайҳо тарҳрезӣ шуда буд, дар амал татбиқ мегардад. Даромади калоне, ки кайҳо интизораш будеду барои ба даст оварданаш меҳнати зиёде сарф кардед, табъу завқатонро баланд мебардораду имкони харидани ашёи орзуҳоятон пайдо мешавад. Имрӯз ошиқатон шуморо санҷидан мехоҳаду имтиҳон мекунад. Ботаҳаммул бошеду ҷангу ҷанҷол накунед, вагарна дилаш хунук хоҳад шуд.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Ирӯз ситораҳо ором буданро тавсия медиҳанд. Асабонияти зиёд сабаби бадгӯию ранҷиши дигарон хоҳад шуд. Агар худро ба даст нагиред, ба решаи дарахти меҳру муҳаббататон теша хоҳед зад. Шуморо зарур меояд, ки сатҳи донишатонро такмил диҳед, зеро вазифаеро, ки лоиқи шумо донистаанд, масъулияти зиёдеро талаб мекунад. Аз хастагӣ ва асабҳои хароб бо дӯсти наздикатон бо сабабҳои номаълум ҷангу ҷанҷол мекунед. Қисми дуюми рӯз дар фикри иваз намудани ҷойи кор мешавед, саросема нашавед, вагарна аз ин ҷой монда ва аз ҷойи дигар ронда мешавед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Рӯзи нав бо нохушиву мушкилиҳо оғоз шуда, табъатонро тира месозад. Агар оромиро риоя кунеду ба ҳар кори майда чуйда аҳамият надиҳед, худро аз нохушиҳо эмин дошта метавонед. Маблағеро, ки қарз дода будед, ҳамин рӯз бармегардонанд. Нақшаву идеяҳоятонро маҳфуз нигоҳ доред, вагарна рашки душманон балоеро ба саратон меорад. Нимаи дуюми рӯз шиносоии аҷибе дар назар аст. Агар риштаи дӯстиро наздиктар кунед, тамоми нақшаҳо ва орзуҳоятон бо ёрии дӯсти наватон амалӣ хоҳад шуд
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Вақте расидааст, ки хоҳишу дархостҳои худро камтар сохта, ба сарф намудани пули зиёд роҳ надиҳед. Тамоми корҳои худро ба нақша гирифта, баъдан амал намоед. Нимаи аввали рӯз зуд ва фавран амал мекунед, вале нимаи дуюми рӯз бар асари фаромӯшхотирӣ ва фориғболӣ ба ғалат роҳ дода метавонед. Боисрор ба мақсад равона шуда, шумо мавқеи молиявии худро беҳтар месозед. Бо ҳар нафари ношинос дарди дил накунед, вагарна обрӯятонро мерезонед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз аксари намояндагони ин бурҷ диққати худро ба ҳамкориҳо равона месозанд. Баъзе намояндагони ин бурҷ муътақид мегарданд, ки таҳдевори муносибатҳои ошиқонаашон бовафоӣ ва дӯстии содиқона аст. Вохӯрӣ бо дӯстону ҳамфикрон шодиву нишоти зиёд меорад. Дар ин рӯзҳо аз амалҳои пурҳангома дурӣ ҷуста, ба қонуншиканӣ роҳ надиҳед. Натиҷаи заҳматҳоятонро мебинед, маблағи деринтизор ба дастатон меояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ