Барқи тоҷик

Имрӯз дар Душанбе барқ қатъ мегардад

Дар робита ба баргузории корҳои таъмири нақшавӣ ба баъзе кӯчаҳои Душанбе имрӯз, 24 август интиқоли барқ қатъ мегардад.

“Аз соати 09:00 то 16:00 интиқоли нерӯи барқ ба маҳаллаи «Ховарон» (Теппаҳои шарқӣ)-и шаҳри Душанбе, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Маяковский ва Ғафурови пойтахт қатъ мегардад”, — хабар доданд аз ҶСК “Шабакаҳои барқии Душанбе.

Бино ба иттилои манбаъ, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмиру навсозӣ дар баъзе ҳолатҳо интиқоли барқ метавонад то вақти зикршуда барқарор шавад.

То оғози мавсими гармидиҳӣ дар тамоми зеристгоҳҳои барқии пойтахт бонавбат корҳои таъмиру навсозӣ гузаронида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *