Шавкат Мирзиёев ба Туркманистон меравад

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бо даъвати Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ҳамтои туркманаш имрӯз, 24 август ба Туркманистон меравад.

Вай дар саммити Шӯрои сарони давлатҳо-муассисони Бунёди байналхалқии наҷоти Арал ширкат мекунад.

Дар дастури кори саммит масоили муҳими ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар умури беҳгардонии вазъи экологии баҳри Арал қарор дорад.

Дар поёни нишасти сарони давлатҳо изҳороти муштарак қабул хоҳад шуд.

Дар Бунёди байналхалқии наҷоти Арал Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомил шудаанд. Ин бунёд дар солҳои 90-уми асри гузашта ташкил ва ҳадафаш сармоягузории муштараки наҷоти баҳри Арал аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *