Толеъномаи 3-юми январи соли 2023
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз дар масъалаҳои молиявӣ аз ҳад зиёд фаъолнокӣ нишон надиҳед. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, нағзакак фикр карда, шитоб накунед. Рафту муҷаррад бошед, аз маъракаҳои дилхушкунанда дурӣ наҷӯед. Имрӯз шуморо вохӯриҳои тақдирсоз интизоранд. Рӯзи хубест барои ташхис ва табобати бемориҳо.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз ҳодисаи ногуворе рух намедиҳад. Қарз гирифтану қарз доданро маслиҳат намедиҳем. Барои васеъ сохтани сатҳи ҷаҳонбиниятон рӯзи мусоид аст, хусусан агар шумо бо шахси дӯстдоштаатон бошед. Хабари дар ин рӯз шунидаатонро овоза накунед, вагарна ба худатон зарар мерасонед. Саломатиро эҳтиёт кунед, хатари шамол хӯрданатон зиёд аст.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Ҳар сухане, ки ба забон меоред, сад бор андеша карда, баъдан гӯед. Нохушиҳои зиёде, ки бо шумо рух медиҳанд, маҳз бо сабаби гуфтори беандешаатон ба амал меоянд. Беҳуда нагуфтанд, ки «даҳони пӯшида сад тилло». Ба ҳар кори майда-чӯйда диққат дода, асаби худро вайрон накунед. Нафароне, ки аллакай кисаҳояшон холӣ шудаанд, каме пул ба даст оварда метавонанд. Рашки беҳуда боиси ранҷиши дӯстдоштаатон мегардад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз ҳангоми робита бо шиносҳои нав хеле эҳтиёткор бошед. Таваҷҷуҳи нафарони бадкирдорро ба худ кашиданатон имконпазир аст. Қабл аз он, ки дар назди бегонагон дарди дил мекунед, нағзакак андеша намоед. Бо шахси дӯстдоштаи худ баҳсу мунозира накунед. Яке аз наздикон аз шумо кумаки молиявӣ мепурсад.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз бо баҳсу мунозира, рафъ намудани мушкилиҳои баҳсталаб ва оштишавӣ машғул нашавед. Агар бо шахсе шинос шавед, ки бо як дидан дилатонро ба ларза оварад, ӯ дар зиндагиятон нақши муҳимро мебозад. Аз мушкилиҳои молиявии ба саратон омада ноумед нашавед, гузаштаро фаромӯш кунед. Дарди дандонро танҳо бо кумаки табиби ботаҷриба рафъ карда метавонед.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Айни замон муноқиша карданро маслиҳат намедиҳем, хусусан бо нафаре, ки дӯсташ медоред, дилранҷонӣ накунед. Дар ин рӯз қаҳру ғазабатон чунон зиёд мегардад, ки ба ҳарфи касе гӯш додан намехоҳед. Дар дигар ҷодаҳои зиндагӣ шуморо комёбӣ интизор аст, зеро кисаҳоятон пури пул ва саломатиятон ташвиш намедиҳад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Ягон тағйироти ҷиддиву манфӣ дида намешавад. Бо корҳои нав машғул шуда, қарзҳои куҳнаро бармегардонед. Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав ва мулоқоти ошиқона. Нисбати саломатии худ фориғболӣ накунед. Дар ин рӯз бо мошин ба сафар баромаданро тавсия намедиҳем.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ҳар коре, ки дар ин рӯз оғоз мекунед, бобарор анҷом ёфта, ба пешравиҳоятон мусоидат мекунад. Бо нафарони воломақом баҳс карданро тавсия намедиҳем, вагарна дар ҳалли масъалаҳои молиявӣ сахт душворӣ мекашед. Ба маслиҳати шахси дӯстдоштаатон бепарвоӣ зоҳир накунед, дӯстро аз душман фарқ кунед. Асабро эҳтиёт кунед, вагарна нотоб шуданатон имконпазир аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Корҳои ҷиддиву маъракаҳоро ба нақша гирифта метавонед, дар ин рӯз аз уҳдаи ин корҳо ба хубӣ мебароед. Агар вазъи молиявиатон хуб бошад, ба мулоқоти ошиқона рафта, дилхушиву истироҳат кунед. Бо шарофати табъи хуш ва болидаруҳӣ саломатиятон инз рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Муносибататон бо атрофиён дар ин рӯз хуб ҷараён мегирад. Дар масъалаҳои молиявӣ нафаре дастгирӣ мекунад, ки ҳеҷ интизор набудед. Ҷисману руҳан худро хуб эҳсос мекунед. Ба нафаре дасти кумак дароз карда, болидаруҳ мегардед. Бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намоед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Агар аз уҳдаи коре баромада натавонед, бори дигар аз паяш шавед. Имкони хуби дар чанд ҷода муваффақ шудану маблағи хуб ба даст оварданатон вуҷуд дорад. Таърифу тавсифи наздикон ва ҳамкорон шуморо пару бол мебахшад. Барои рафъ намудани асабоният ба корҳои ҷисмонӣ машғул шавед. Рашки беасосро аз худ дур намоед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз барои ба даст овардани маблағи хуб кӯшиши зиёд карданатон лозим меояду барои рафъи монеаҳо бодиққат бояд бошед. Айни замон саломатиятон нохуб мегардад, барои он ки бемор нашавед, аз рӯи фармудаҳои табибон амал кунеду аз одатҳои бад даст кашед. Дӯстдоштаатон сирреро аз шумо пинҳон кардан мехоҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ