латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Дастшӯяки шаҳрӣ

Марди деҳотие ба шаҳр меҳмонӣ меояд. Баъди ба деҳа баргаштанаш аз ӯ мепурсанд:

— Хайр, шаҳр чӣ хел? Ба ту маъқул шуд-мӣ?

Мард мегӯяд:

— Ҳамааш нағзу ҳамин дастшӯияш безеб, обро мекашӣ, дастатро нашуста, об тамом мешавад…

Зани маҷбурӣ

Ҷавонеро маҷбуран зан доданӣ шуда, ба никоҳ мебаранд. Мулло ҳангоми хондани хутбаи ақди никоҳ ба домод рӯ оварда, мегӯяд:

— Такрор кунед: «Хостам ва қабулаш кардам ба занӣ».

Ҷавон сурху сафед шуда, ба ҷӯрааш, ки дар паҳлуяш истодааст, рӯ оварда, мегӯяд:

— Ту ба ҷои ман гап зан, ман шарм медорам.

Мушҳои баинсоф

Пирамарде ҳангоми ба деҳа рафтанаш як халта мавизи худро дар хонаи ҳамсоя, ки он ҷо чор нафар донишҷӯдухтар мезистанд, амонат мемонад. Донишҷӯён ҳар бегоҳ аз мавиз кам-кам мехӯранду дар таги халта каме мавиз боқӣ мемонад. Баъди як моҳ пирамард омада халтаи мавизашро суроғ мекунад. Духтарон халтаро бароварда, мегӯянд:

— Бобоҷон, узри зиёд, хонаи мо муш пайдо кардааст.

Мӯйсафед даҳони халтаро кушода, мегӯяд:

— Хайрият мушҳои баинсоф будаанд, камакак мавиз мондаанд…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *