парчам

Маърифати исломӣ: Иди Парчамро ҷашн гирем?

Чанде пеш дар кишвар Иди Парчамро таҷлил карданд. Дар муссисае низ, ки ман кор мекунам, бахшида ба ин сана чорабинӣ ва баъдаш зиёфат шуд. Вале як ҳоҷии ҳамкорамон гуфт, ки мусалмон 2 ид дорад: Рамазону Қурбон. Магар таҷлили Иди Парчам гуноҳ аст? Ё Иди Модарон, Истиқлол ва Ваҳдат…

АБДУҲАМИД, шаҳри Душанбе

Посух:

— Бародари азиз, тамоми идҳои миллӣ ва диниеро, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд, ҷашн мегирем, чунки мо идҳои миллиро ҳамчун иди миллӣ пешвоз мегирем ва идҳои диниро ҳамчун иди динӣ ба нияти ибодату савоб ҷашн мегирем.

Муҳим он аст, ки фарқи миёни ин ҷашнҳоро бояд шинохт ва онҳоро ба якдигар набояд омехта кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *