Толеъномаи 30 июн 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз аз уҳдаи мушкилиҳо бо осонӣ баромада, худатон ҳайрон мешавед. Қарзҳоятонро бармегардонанд. Хариди калон накунед, сарфакор бошед. Қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед. Эҳтимол муҳаббати худро пайдо месозед. Шумо ба истроҳати бофароғат ниёз доред.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз эҳтимол бо атрофиён муноқиша карда, худро идора карда наметавонед. Фаромӯш насозед, ки аз рафтори шумо комёбиҳои молиявӣ, муносибатҳои ошиқона ва ҳолати руҳиятон вобастагӣ дорад. Машқҳои ҷисмонӣ боиси беҳтар гаштани саломатиятон мегардад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Барои мардҳо чандон рӯзи бобарор нест. Худро ба даст гирифтанатон мушкил ва дар гуфтор ба дағалӣ роҳ дода, бо атрофиён муноқиша мекунед. Ба саломатии худ ва наздикон диққат диҳед. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намуда, ҳангоми кор бо таҷҳизоти барқӣ эҳтиёт бошед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи аҷиб аст, чизе наметавонад шуморо аз роҳи рост гардонад. Барои расидан ба мақсад аз ҳама гуна роҳу усулҳо истифода бурданро маслиҳат намедиҳем, вагарна ба вазъиятҳои ногувор гирифтор мешавед. Ҳангоми сафари роҳи дур, чораҳои бехатариро рияо намоед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз бо ҳар нафаре, ки рӯ ба рӯ мешавед баҳс накунед. Баъзан ба маънии суҳбат ё баҳс сарфаҳм намеравед, вале ин муҳим нест. Саломатиятон диќќати махсусро металабад, аз ин рў ба пурхўрї роњ надињед. Хабари хуше, ки имрўз мешунавед, дар њаёти шахсиятон таѓйиротњоро ворид месозад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯзи душвор аст. Аз ҷониби нафароне, ки шумо дӯсти худ намешуморидед, дастгириву кӯмак мебинед. Сайругашти баъди нисфирӯзӣ табъатонро болида месозад. Дар масъалаҳои пулӣ боэҳтиёт шавед, аз ҷониби нафарони тамаъкор фиреб хӯрданатон имкон дорад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз ба орзуи деринаи худ мерасед. Дастовардҳоятонро роҳбарият қадр намуда, маошатон зиёд мегардад. Барои бастани ақди никоҳ рӯзи созгор аст. Мизонҳои муҷаррад бо нафаре шинос мешаванд, ки дӯстияшон ба муҳаббат мубаддал мегардад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз ба ҳолатҳои ногуворе гирифтор шуда, танҳо бо кӯмаки нафаре аз он берун мегардед, ки қаблан ба ӯ диққат намедодед. Табъи болида боиси хуш гузаштани рӯз ва рафъ гаштани мушкилиҳоятон мегардад. Агар маблағи хуб ба даст овардан хоҳед, заҳмати зиёд кашиданатон лозим меояд.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз аз шахси наздикатон туҳфа ва хабари хуш мешунавед. Мувақатан кор, мушкилиҳои молиявиро фаромӯш месозед. Дӯстдоштаатон аз рашк муноқиша мекунад, нафаре аз пуштатон кинаву адоват дорад, ҳамсафари ҳаётӣ дилатонро меранҷонад. Суҳбатҳои хушку холӣ ва баҳсҳои бемаънӣ вақти зиёдатонро фаро мегирад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Бо нафаре ки дӯсташ медоред, самимиву меҳрубон бошед. Худдориву таҳаммул дар муносибатҳои ошиқона фоида намеорад. Эҳтимол даромади ногаҳонии пулӣ ба даст меоред. Табъатон яку якбора тағйир ёфта, бо ҳамкорон муноқиша карданатон имкон дорад. Барои берун омадан аз вазъияти баамалмода кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз ғайриихтиёр дар дасисабозиҳои ҷойи кор ширкат меварзед. Мутаассифона истироҳат кардан муяссаратон намегардад. Бо сабаби фориғболӣ бо дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётӣ муноқиша мекунед. Дар хулосабарорӣ ва талабу иддао саросема нашавед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Рӯзи душвор аст. Меҳнати зиёду пурмашаққат боиси бад шудани вазъи саломатиятон мегардад. Сафари худро ба таъхир гузоред. Нуқтасанҷӣ дар масъалаҳои молиявӣ боиси беҳтар шудани буҷаи оила ва баргардонадани маблағи аздастрафта мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *