Мосул озод карда шуд, Гулмурод куҷо рафт?

Бо тасарруфи масҷиди Ан-Нурӣ, ки раҳбари ДОИШ Абӯбакри Бағдодӣ се сол пеш аз минбари он эълони таъсиси ба ном «хилофат” карда буд, нирӯҳои давлатии Ироқ хабар доданд, ки шаҳри Мосул аз дасти ҷангиёни ДОИШ озод карда шуд.

Нирӯҳои давлатии Ироқ рӯзи 29 июн харобаҳои бозмонда аз масҷиди таърихии Ан-Нурӣ дар шаҳри Мосул, дар шимоли ин кишварро аз дасти ҷангиёни созмони тундрави ДОИШ («Давлати исломӣ”) озод карданд. Фармондеҳи амалиёти Мосул генерал Абдуламир Ёруллоҳ гуфт, масҷиди Ан-Нурӣ дар ҳоли ҳозир таҳти назорати нирӯҳои вижаи артиши Ироқ қарор дорад.

Тасарруфи масҷиди Ан-Нурӣ як пирӯзии хеле рамзӣ дар набард ба зидди ин созмони тундрав шумурда мешавад, чунки дар тобистони соли 2014 раҳбари ДОИШ Абӯбакри Бағдодӣ маҳз аз минбари ҳамин масҷиди 850-сола дар бораи таъсиси ба ном «хилофат” хабар дода буд.

Рӯзи 29 июн бар фарози масҷиди Ан-Нурӣ ба ҷои парчами сиёҳи ДОИШ парчами давлатии Ироқ барафрошта шуд. Телевизиони давлатии Ироқ ин лаҳзаро зери мусиқии гимни миллии ин кишвар намоиш дод.

Низомиҳои Ироқ бо ҳамин аз анҷоми амалиёти раҳоии Мосул, ки камокон 8 моҳ давом кард, хабар доданд. Яҳё Расул, сухангӯи артиши Ироқ гуфт, «давлати қалбакии онҳо барҳам хӯрд.”

Вазорати дифои Ироқ бо нашри як изҳорот гуфт, «дар дасти ДОИШ дар Мосул дигар ягон маҳалла намондааст. Ҷангиён чораи дигаре ба ҷуз аз таслим шудан надоранд. Ба ҳузури ДОИШ дар Ироқ барои умрбод нуқтаи таммат гузошта шуд.”

Қаблан нирӯҳои Ироқ маҳаллаи Ал-Форуқ дар қисмати қадимаи Мосулро ба даст оварда, аз чанд тараф ба масҷиди Ан-Нурӣ наздик шуданд.

Ҳафтаи гузашта, вақте нирӯҳои Ироқ бо пуштибонии Амрико ҳамла ба самти масҷиди Ан-Нуриро оғоз карданд, ҷангиёни ДОИШ ин масҷиди таърихиро тарконданд.

Мосул, ки баъди пойтахт, шаҳри Бағдод дувумин шаҳри бузурги Ироқ ба шумор меравад, дар моҳи июни соли 2014 аз сӯи ҷангиёни ДОИШ тасарруф шуда, амалан тайи се сол ба сифати «пойтахт”-и қисмати ироқии «хилофат”-и худхондаи ин гурӯҳ хидмат мекард.

Дар тобистони соли 2014 Абӯбакри Бағдодӣ, раҳбари ДОИШ аз минбари масҷиди Ан-Нурӣ эълон кард, ки онҳо дар сарзаминҳои тасарруфшудаашон «хилофат” таъсис медиҳанд. Худи Бағдодӣ аз ҷониби ДОИШ «халифа” эълон шуд.

Нирӯҳои Ироқ ҳанӯз моҳи октябри соли 2016 бо кумаки эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ба амалиёти раҳоии Мосул шурӯъ карданд.

Бино ба хабарҳо, дар Мосул аз ҷониби ДОИШ садҳо ҷангии хориҷӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон меҷангиданд. Бархе манобеи наздик ба мақомоти ҷосусии Ироқ дар аввали соли равон гуфта буданд, ки Абӯбакри Бағдодӣ раҳбарии ҷабҳаҳои дифоъ аз Мосулро ба полковник Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН – воҳиди вижаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон супурдааст.

Гулмурод Ҳалимов моҳи апрели соли 2015 ба таври мармуз аз Тоҷикистон ғайб зад ва моҳе баъд тавассути Интернет эълон кард, ки ба сафи ДОИШ пайвастааст.

Амрико соли гузашта дар баҳои маълумоте, ки ба боздошт ваё маҳви Гулмурод Ҳалимов мусоидат кунад, 3 миллион доллар ҷоиза муқаррар карда буд.

Дар моҳи апрел расонаҳои ғарбӣ бо такя ба мақомоти иктишофии Ироқ хабар доданд, ки Гулмурод Ҳалимов дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои эътилоф бо зарби мушак дар шаҳри Мосул кушта шудааст. Худи ДОИШ то кунун хабари марги ин фармондеҳашро тасдиқ ё рад накардааст.

Ҳамчунин маълум нест, ки оё бо раҳоии Мосул сарнавишти он ҷангиёни зодаи Тоҷикистон, ки аз тарафи ДОИШ меҷангиданд, ва аъзои хонаводаҳои онҳо, ки як бахши аъзамаш дар Мосул паноҳ мебурданд, чӣ хоҳад шуд?

ДОИШ, ки яке аз хатарноктарин созмонҳои террористии дунё ном бурда мешавад, дар соли 2014 қисматҳои бузурге аз қаламрави Сурияву Ироқро ишғол карда, дар ин сарзаминҳо эълони ба ном «хилофат” кард. Вале дар камтар аз як соли охир нирӯҳои давлатии Ироқ ва нирӯҳои таҳти ҳимояти эътилофи таҳти раҳбарии Амрико бисёре аз қаламравҳои таҳти назорати ДОИШро озод карданд.

Ҳоло амалиёти раҳоии Раққа – «пойтахт”-и қисмати суриягии ДОИШ идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *