толеънома

Толеъномаи 31-уми декабри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз воқеаҳои ногувор ва ҳатто хатарнок рух дода метавонанд. Аз ҳад зиёд соддаву зудбовар нашавед, вагарна ҳам дар кору ҳам дар ҳаёти шахсӣ сахт фиреб мехӯред. Хусусан нисбати корҳое, ки ба назаратон назарногир менамоянд, бодиққат бошед.

Савр (21 апрел-22 май)

Тамоми пешниҳодҳоеро, ки дар ин рӯзҳо мегиред, бодиққат дида бароед. Нимаи дуюми ҳафта кори вазнин мадору қуввататонро мегирад, вале маблағи хуб ба даст оварда, табъатон болида мегардад. Сафари роҳи дур бобарор меанҷомад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин ҳафта ҳар кореро, ки оғоз намоед, аз уҳдааш ба осонӣ мебароед. Нисбати шарикони кори боэҳтиёт рафтор намоед. Барои он ки ба зудӣ бепул намонед, дар ин шабу рӯз пулро зиёд сарф накунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ягон навигарӣ мехоҳед. Агар дӯстдошта дошта бошед, бегоҳирӯзиро ҳамроҳаш гузаронед. Рафту муҷарраду танҳо бошед, кӯшиши бо нафаре шинос шуданро кунед. Мурғи илҳоми нафарони эҷодкор ба парвоз меояд.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз дар баробари боҷуръат будан, дағал ҳам мешавед ва ин хислататон боиси муноқиша карданатон бо атрофиён мегардад. Дар ин рӯзҳо аз рӯйи шиори «ҳафт бор чен куну як бор бур» амал намоед. Дар акси ҳол якравиву бадҷаҳлӣ моҷарои зиёдеро ба саратон меорад.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз боэҳтиёт бошед, моҷароҷӯӣ накунед, вагарна дили наздиконатонро сахт меранҷонед. Барои он ки рӯз оромона сипарӣ гардад, аз айбҷӯиву танқид худдорӣ намоед. Беҳтараш хонаву мавзеи кории худро ба тартиб биёред.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи пур аз рӯйдод аст, заҳмати зиёд мекашеду самараашро мебинед. Мушкилиҳои гуногунро рафъ сохта, мавқеи худро устувор месозед. Ба сафар баромада, вохӯриҳоро ба нақша гиред. Бо нафарони бароятон ҷолиб шинос мешавед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар дар муносибатҳои ошиқона қадаме ба пеш гузоштан мехостед, имрӯз айни муддао аст. Муҳим он аст, ки бо шахси бароятон азиз самимӣ бошед, ҳар дурӯғи гуфтаатон ба зудӣ фош мегардад. Агар дар ин шаби соли нав нағзакак омодагӣ гиред, барор ҳамсафаратон мегардад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз имкони дар амал татбиқ намудани ақидаву нақшаҳоятон фароҳам меояд. Вақте расидааст, ки барои ҷашнҳои солинавӣ омода шавед. Дар ҳама кор ба садои қалби худ гӯш андозед. Барои муайян намудани ҳақиқат бо баъзеҳо даст ба гиребон мешавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз саломатиятон хубу табъатон болида мегардад. Майли бо дӯстону наздикон дилхушӣ кардан доред. Бо вуҷуди хушҳол буданатон ҳам эҳсосоти худ ва ҳам аз дигаронро идора карда метавонед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Тамоми нақшаҳои неки шумо бо сабаби пеш омадани вазъиятҳои ногаҳонӣ амалӣ намегарданд. Маблағи бисёр сарф карданатон эҳтимол дорад, хароҷотро кам кунед. Ҳодисаҳои дар ин рӯз рухдодаро ба дил наздик нагиред.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Ҳар ҳодисае, ки дар ин рӯз рух медиҳад, пешгирӣ карда наметавонед. Баъди нисфирӯзӣ ба меҳмонӣ рафта, дар хонаи худ меҳмон қабул кунед. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *