Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Ҷӯрабек МУРОДОВ, Ҳунарпешаи халқии СССР

— Ин гапи дурӯғ аст, ки баъзеҳо мегӯянд, вақти эҷод намудан нест. Ман барои эҷод ҳамеша вақт пайдо мекунам. То умр дорам, барои халқ суруди нав, оҳанги тоза, сухани ҷадид ва такондиҳанда меофарам.

— Ин гапи дурӯғ нест. Эҷодкорони зиёде ҳастанд, ки воқеан бо сабаби мушкилоти зиндагӣ ба корҳои даромадноки ғайри эҷодӣ машғул гардида, аз эҷод дур мемонанд.

Умеда СУФИЕВА, донишҷӯи тоҷики муқими Олмон

— Формулаи асосии забономӯзӣ — ин хоҳиш аст. Хоҳиш бошад, омӯхтани дилхоҳ забони хориҷӣ барои инсон осон мегардад ва ҳар вақте мо дар куҷо ва барои чӣ истифода кардани забонеро медонем, онро меомӯзем.

— Агар аз рӯи ин формула гап занем, дастури Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба омӯзгорону хонандагон барои азёд кардани 400 калимаи русиву англисӣ чӣ гуна амалӣ шуда бошад?

Иброҳим УСМОНОВ, донишманди тоҷик, профессор

— Умед мекунем, ки Институти шарқшиносӣ дар Русия ба номи Бобоҷон Ғафуров гузошта шавад, зеро он кас яке аз асосгузорони илми шарқшиносии ин кишваранд. Ҳоло ин иститут ба номи касе нест.

— Камтар саросема шудед, устоди азиз. Мемондед ба таври расмӣ пешниҳод мекардем номзадии устод Бобоҷон Ғафуровро, баъд дар ин бора гап мезадед…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *