Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Гулбаҳор МАҲКАМОВА, роҳбари Шӯрои занони соҳибкор

— Бояд барномаҳои таълимӣ дар самти рушди тиҷоратро тақвият бахшем. Барномаҳои ҳавасмандкунӣ барои ҷавонон, занон фаъол гардонем ва инкишоф диҳем, то ин ки занону ҷавонон ба фазои соҳибкорӣ бештар ҷалб карда шаванд.

— Бале, вале аввал заминаҳоро барои фаъолияти занон фароҳам овардан лозим, то истеҳсолотро тақвият диҳанд.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА, вакили парлумони Тоҷикистон

— Ба назари мо, кори Вазорати меҳнат дар сатҳи лозима ба роҳ монда нашудааст. Ҳанӯз ҳам мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ то охир ҳал нашудааст…

— Акнун, фикр кардед, ки баъди гуфтани шумо корашонро дар сатҳи лозима ба роҳ мемонанду мушкилоти муҳоҷирони меҳнатиро то охир ҳал мекунанд?

Гулрухсори САФӢ, шоири маъруфи тоҷик

— Фикр мекунам, син вуҷуд надорад, ҳолат вуҷуд дорад. Пиразану пирамардҳоеро медонам, ки 80-90-сола ҳастанд, аммо ба мисли бистсола завқу шавқ ва хушҳолӣ доранд.

— Ииии, о, мо нафарони 40-50-солаеро медонем, ки мисли калонсол рафтор мекунанд ку! Ё шояд шумо ҳамон андешаи “одам пир шавад, мисли кӯдак мешавад”-ро дар назар доред?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *