Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Абдунабӣ САТТОРЗОДА, доктори илмҳои филологӣ

— Довталабон дар риояти вазн, дар қироати шеър, дар баёни мазмун лакнат доранд. Вобаста ба омодагияшон аст, агар хуб тайёрӣ дида бошад, ба худ эътимод дорад, бурро ва бидуни тарсу ҳаросу ҳаяҷон суҳбат мекунад.

— «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» муътабартарин озмуни миллӣ аст. Барои ҳамин, ба китобҳои хондаи довталабон ҳам таваҷҷуҳ диҳед. Мабодо лакнат дар мазмуну вазни шеърҳо набошад?!

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА, вазири молияи Тоҷикистон

— Давлатҳо рушди иқтисодии худро тавассути татбиқи ҳар гуна тарҳу лоиҳаҳои афзалиятдошта таъмин менамоянд. Бояд дарк кунем, ки рушди иқтисоди кишварро танҳо бо маблағҳои буҷетӣ таъмин кардан аз имкон берун аст.

— Албатта, бе қарз ҳам намешавад, ҷаноби вазир. Қарз бигиред, вале асосан кӯшиш намоед, ки бурсияҳои бебозгаштро ба даст оред.

Валиҷон АЗИЗОВ, сарояндаи попи тоҷик

— Соли 2004 нахустин консерти мо дар шаҳри Душанбе, дар “Кохи Борбад” баргузор шуд. Мухлисон чунон зиёд буданд, ки оинаҳои “Кохи Борбад”-ро шикастанд. Ҳоло аз он рӯзҳо аксҳо ҳастанд.

— Ягонто аз ҳамон аксҳо намедиҳед, ки расонаӣ кунем? Ё дар аксҳо оинаҳои шикастаи “Кохи Борбад” ҳам намоёнанд?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *