Имтиёз ба “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр”. Оё чипта арзон мешавад?

Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон то соли 2027 имтиёз гирифтанд. Дар асоси тағйирот ба Кодекси андози Тоҷикистон, ки вакилони парлумон онро қабул карданд, акнун ширкатҳои ватании ҳавопаймоӣ аз чанд намуди хизматрасонӣ озод ҳастанд. Аммо то куҷо ин имтиёз ба нафъи ҷомеа аст ва ба коҳиши нархи чипта таъсир мерасонад?

Шарҳи вазири молия

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар шарҳи сабукиҳои андозӣ дар парлумон гуфтааст, ки он ба муҳлати 5 сол, яъне то соли 2027 амал хоҳад кард. Ҳадаф аз ин ташаббус дастгирии давлатии авиатсияи гражданӣ арзёбӣ мегардад. Дар асоси тағйирот ба Кодекси андози Тоҷикистон, даромадҳои ғайрирезидентӣ аз иҷораи ҳавопаймо, чархбол ва муҳаррикҳо, хизматрасонӣ ва таъмири ҳавопаймоҳои ширкатҳои ватанӣ аз пардохти андоз аз даромад озод карда мешаванд. Инчунин, воридоти сӯзишворию моеъҳои кимиёвӣ ва равғанҳои молиданӣ барои ҳавопаймою чархбол, воридоти ҳавопаймо, муҳаррикҳо бевосита аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд. Ҳамчунин, хизматрасониҳои лизинги ширкатҳои ғайрирезидентӣ ба ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда озод мегардад. Ба таъкиди вазири молия, дар ростои сабукиҳо “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ барои давраи то соли 2030” ба назар гирифта шудаанд. Тибқи санадҳои мазкур, рушди нақлиёти ҳавоӣ ва васеъ кардани паркҳои ҳавопаймоӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, зиёд кардани хатсайрҳои ҳавоӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ муайян гардидааст.

Парвоз зиёд, чипта арзон мешавад? Посухи вакил

Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси андозро, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ сабукиҳо пешбинӣ мекунад, шарҳ додааст. Сабукиҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон интихоби хатсайрҳои ҳавопаймоӣ барои мусофиронро зиёду чиптаро арзон мекунад. Ин нуктаро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода таъкид намудааст. Номбурда дар шарҳи тағйироти қабулшуда ба Кодекси андоз таъкид дошт, ки ин тарҳ барои баланд бардоштани устувории хатсайрҳо, идораи беҳтари паркҳои ҳавопаймоӣ, зиёд шудани интихоби хатсайрҳо, коҳиши арзиши хизматҳо ва чиптаҳои ҳавопаймоӣ мусоидат менамояд. Вакил таъкид намудааст, ки дар ҳоли ҳозир номукаммалии хизматрасонӣ дар хатсайрҳои ҳавоии мавҷуда, кам будани шумораи ҳавопаймоҳо, гарон будани арзиши чиптаҳо барои рушди сайёҳӣ таъсири манфӣ расонида истодааст. Дар баробари хизматрасониҳои лизинги ширкатҳои ғайрирезидентӣ ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон низ аз андоз аз арзиши иловашуда озод мегардад.

Ҳоло дар низоми ҳавопаймоии Тоҷикистон ду ширкат: “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” фаъолият мекунанд. Аммо ширкати “Тоҷик Эйр” фаъолити чашмрас надорад. Танҳо ягона ширкате, ки дар хизматрасонӣ ба мусофирон мавқеи намоёнро гирифтааст, “Сомон Эйр” мебошад. Вале бо вуҷуди ин, ҳамасола нархи чипта вобаста ба мавсим, махсусан баҳор, ки рафтани муҳоҷирон зиёд ба назар мерасад, майли болоравӣ мекунад. Нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон яке аз гаронтаринҳо дар минтақа низ дониста мешавад. Аз ин хотир, баъди боз шудани сарҳади Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ҳамасола ҳазорон муҳоҷир маҷбур мешаванд, ки аз тариқи кишварҳои ҳамсоя, бахусус Ӯзбекистон ба Русия сафар кунанд. Борҳо мақомоти кишвар сабаби баланд будани нархи билетро ба гарон будани сӯзишвории ҳавопаймо ва баъзе омилҳои дигар рабт додаанд. Шояд баъди чунин имтиёз чипта арзон мешаваду интихоб танҳо тавассути Тоҷикистон ба қалаврави Русия ва дигар давлатҳо сурат мегирад. Вақт нишон медиҳад.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *