Толибон дар 6 моҳи охир 274 мард, 58 зан ва ду кӯдакро шаллоқ задаанд

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбе дар гузориши худ аз Толибон барои анҷоми эъдомҳои оммавӣ, сангсорӣ ва қамчинкорӣ дар Афғонистон аз замони дубора ба қудрат расиданашон дар ин кишвар шадидан интиқод карда,тақозо кардааст, ки ба ин амалҳо хотима диҳанд.

Ба гузориши хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс”, бар асоси гузориши намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон, маълум шуд, ки дар шаш моҳи ахир 274 мард, 58 зан ва ду писарбачаро дар малаи ом шаллоқ заданд. Аксарияти ин муҷозот ба зино ва фирор аз хона марбут будааст. Ҷиноятҳои дигар дуздӣ, ҳамҷинсгароӣ, нӯшидани машрубот, қочоқи маводи мухаддир ва қаллобӣ мебошанд.

Дар вокуниш ба ин гузориш Вазорати корҳои хориҷаи Толибон эълом кард, ки қонунҳои Афғонистон бар асоси “қавонини шариат” буда, бештари мардуми Афғонистон бояд ба он пайравӣ кунанд. Дар сурати ихтилофи байни қонунҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи башар ва қонунҳои исломӣ, ҳукумат вазифадор аст, ки “қонунҳои исломӣ”-ро риоя кунад.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки қамчинкории авалини оммавӣ пас аз тасарруфи Толибон моҳи октябри соли 2021 дар вилояти Кописо рух дода буд. Дар ин маврид дар ҳузури уламои дин ва мақомоти маҳаллии Толибон ба як марду зане, ки барои зино маҳкум шудаанд, сад зарбаи қамчин заданд.

Абдулмалик Ҳаққонӣ, муовини раиси қувваи қазоия, ки аз сӯи Толибон таъйин шудааст, ҳафтаи гузашта дар як паёми видеоӣ гуфт, ки Додгоҳи олии Афғонистон аз замони ба қудрат расидан 175 ҳукм содир кардааст, ки аз ҷумла 79 тозиёна ва 37 сангсорӣ будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *