Чӣ тавр дар маълумотномаи шахсӣ (резюме) худро «тавсиф» бояд кард?

Агар шумо аллакай мутахассиси касбӣ бошед, пас соҳиби кори орзудоштаи худ шудан осон аст. Вале, агар шумо мутахассиси ҷавон бошед ва нав дипломро ба даст овардед, пас ба таври дигар сурат мегирад. Аввал ба шумо лозим аст, ки «худро таблиғ кунед», яъне маълумотномаи шахсӣ (резюме) таҳия намоед. Мо ба шумо мегӯем, ки чӣ тавр онро бо истифодаи  конструктор дар сомонаи  https://jobmf.tj/ пур карда метавонед.       

Хуб омӯзед, ки «ашхоси бо кор таъминкунанда» дар резюмеи шумо чиро дидан мехоҳанд. Мувофиқи ин, малакаҳои касбӣ, сифатҳои шахсӣ, таҷриба ва афзалиятҳои рақобатнокии худро бидуни тафсилоти нолозим, маҳз барои вазифаи муроҷиаткардаатон, шарҳ диҳед. Дар хотир доред: резюме — «тарҷумаи ҳол» нест. Кӯшиш кунед, ки аз ҷиҳати имло ва аломатҳои китобатӣ дуруст, мухтасар ва пурмазмун нависед. Агар шумо барои якчанд ҷойҳои корӣ муроҷиат кунед, резюмеи гуногун эҷод кунед.

Намунаи беҳтаринро метавон аз https://jobmf.tj/ пайдо кард. Намунаҳо дорои тамоми сатрҳои зарурӣ ҳастанд. Резюме аз бандҳои зерин иборат аст:

  • Расм, ному насаб, санаи таваллуд, ҷои истиқомат, шаҳрвандӣ;    
  • Маълумот барои тамос;                
  • Вазифа  ва музди меҳнати дархостшаванда;    
  • Малакаҳои муҳим;          
  • Таҷрибаи корӣ – давраи фаъолият ё ин ки таҷрибаомӯзӣ, вазифа, уҳдадориҳо;  
  • Маълумот дар бораи худ дар шакли озод (шавқу рағбат, манфиатҳо);   
  • Таҳсилот;             
  • Тавсияномаҳо.     

Агар ҳамаи меъёрҳои зарурӣ ба инобат гирифта шаванд, онҳо бешубҳа ба шумо таваҷҷуҳ хоҳанд кард. Вақте ки ягон қисм аз маълумотномаи шахсӣ (резюме) хориҷ карда шавад, барои корфармо ин як сигнали мувофиқати нопурраи номзад ё қобилияти сохтори иттилоот ва таъкид кардани чизҳои муҳим мегардад. Кӯшиш кунед, ки худро дар ин марҳила аз ҷиҳати беҳтарин муаррифӣ кунед. Зимнан, агар ширкати орзуҳои шумо “МегаФон Тоҷикистон” бошад, метавонед дар ин ҷо, дар https://jobmf.tj/ резюмеро пур кунед. Баъдан, даъватро барои суҳбат  интизор шавед.    

«Ҳамаи ҷойҳои кории холӣ, аз ҷумла ҷойҳои корӣ аз минтақаҳо, дар сомонаи мо интишор мешаванд. Номзад бо ворид шудан ба сомонаи https://jobmf.tj/ метавонад дарҳол варианти мувофиқро интихоб намуда, маошашро фаҳмад, маълумотномаи шахсӣ (резюме)-ро пур кунад ва ирсол намояд. Баъдан, мутахассисони мо раванди интихоби номзадҳоро  оғоз мекунанд. Пеш аз ҳама, мо ба резюмеи ҳаматарафа пуркардашуда назар мекунем, зеро ҳамин тавр мо номзадро пеш аз суҳбат беҳтар мешиносем. Албатта, намудҳои гуногуни резюмеи пуркардашударо дидан мумкин аст. Масалан, ҷавоне, ки барои ишғоли вазифаи менеҷери оид ба фирӯш метавонад дар байни малакаҳои шахсии худ нишон диҳад, ки ӯ «уҳдабаро» аст. Аммо истифодаи луғати ғайритиҷоратӣ эҳтимол дорад, ки корфарморо огоҳ кунад. Ба пур кардани резюме бо камоли масъулият муносибат кунед, ниятҳои ҷиддии худро нишон диҳед. Ин имкони гирифтани кори дилхоҳатонро зиёд мекунад»,- мегӯяд директор оид ба ҳайати кормандони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анна ЖДАНОВА.              

Бо роҳи дуруст рафтан мехоҳед? Марҳамат ба сомонаи https://jobmf.tj/

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *