Тарс аз заминларза боз мардуми Туркияро сарсон кард  

Сокинони Конияи Туркия пас аз заминларза бо воҳима ба кӯчаҳо баромаданд. Онҳо шабро дар боғҳо рӯз карданд.

Қувваи заминҷунбӣ бар ассои ҷадвали Рихтер 4,2 балро ташкил додааст. Ба бархе аз осебдидагон кумаки тиббӣ расонида шудааст.

Рӯзномаи “Йени Шафак” менависад, ки сокинони Конияи Туркия пас аз заминларзаи 4,2-дараҷаӣ дар ин минтақа бо ваҳму воҳима ба кӯчаҳо рехтанд.

Бар асоси иттилои Дафтари рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ (AFAD), зилзила соати 02:14 ба вақти маҳаллӣ дар минтақаи Куллу рух додааст.

Манбаи заминларза дар умқи 7,86 километр қайд гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *