Толибон иддао доранд, ки ДОИШ-ро 98 % дар Афғонистон нобуд кардаанд

Ҳукуматдорони Афғонистон дар бораи қариб тамоман несту нобуд кардани рақибони асосии худ эълон карданд. Бо вуҷуди ин, ҷангҷӯён дар кишвар ҳамлаҳои навро идома медиҳанд.

«Давлати исломӣ»* дар Афғонистон 98% нобуд карда шуд. Дар ин бора дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Толибон ташкил шудааст, хабар дода шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ намояндагони ин ниҳод қайд карданд, ки ин гуруҳ дигар «барои кишвар хатаре надорад».

Моҳи январи соли 2022 радикалҳо гуфта буданд, ки раҳбари пешини бахши ДИИШ «Вилояти Хуросон» Аслам Форуқиро аз байн бурданд. Дар ҳамин ҳол, теъдоде аз расонаҳо таъкид кардаанд, ки ин пайкорҷӯ бар асари низоъҳои дохилӣ дар дохили гуруҳ кушта шудааст.

Толибон алайҳи террористон амалиёти густурда оғоз карданд. Онҳо ҷангҷӯёнро боздошт ва эъдом мекунанд. Дар навбати худ ИД ҳамларо ба радикалҳо давом медиҳад. Дар баъзе шаҳрҳо онҳо борҳо мошинҳои Толибонро вайрон карданд. Илова бар ин, «Давлати исломӣ»* пайваста дар Афғонистон ҳамлаҳои бузурги террористӣ ташкил мекунад, ки қурбониёни он шаҳрвандони осоишта мебошанд.

Ҳамин тариқ, ин гуруҳ масъулияти таркиши ахир дар масҷиди Мазори Шарифро бар уҳда гирифт. Теъдоди кушташудагон ба 30 нафар ва захмиён ба 80 нафар расидааст. Бо вуҷуди изҳороти баланди Толибон дар бораи аз байн бурдани ДИ, СММ баръакс иддао дорад. Дар авоили моҳи март муовини дабири кулли ин созмон, раиси Дафтари мубориза бо терроризми СММ Владимир Воронков гуфт, ки ин ҷунбиш ҳузури худро дар Афғонистон ду баробар афзоиш додааст.

— Дар баробари ҳамин гуруҳи дигари террористии «Ал-Қоида*-ро ҳукуматдорони ҳозираи ҷумҳурӣ тамоман назорат намекунанд,- қайд намуд ӯ.

Афзоиши шумори иштирокчиёни ДОИШ*-ро раиси Вазорати дифои Русия Сергей Шойгу низ хабар дод. Вай аз эҳтимоли истифодаи силоҳҳои боқимондаи неруҳои эътилофи ғарбӣ дар Афғонистон аз сӯи террористон изҳори нигаронӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *