Трамп: «Грин-карт» -ро бозбинӣ карданист

Доналд Трамп пешниҳод кард, ки муқаррароти дарёфти «грин-карт» ё корти сабзи ИМА, ки дорандаи он иҷозаи кор ва иқомат дар Амрикоро пайдо мекунад, бозбинӣ шавад.Трамп якҷо бо ду сенатор тарҳи қонунеро бо номи The Raise, омода кард, ки ҳадафи он бознигарии шеваи қуръакашӣ аст.

Тибқи пешниҳоди Трамп, муҳоҷирони забондон, пулёб ва соҳиби касби кори барои Амрико муфид бартарӣ хоҳанд дошт. Ба гуфтаи раиси ҷумҳур қуръакашии феълӣ роҳро барои вуруди шумори зиёди муҳоҷирони камдаромад боз кард, ки аз ҳукумат кӯмаки иҷтимоӣ мегиранд.

Сохтори феъии дарёфти ҳақи иқомати Амрико соли 1990 қабул шуд. Аз рӯи ин муқаррарот дарёфти «грин-карт»-ро натиҷаи қуръакашӣ муаян мекунад. Дар ин сабқат шаҳрвандони кишварҳое иштирок мекунанд, ки раванди муҳоҷирати онҳо ба ИМА назаррас нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *