Кулул Қурбонов даргузашт

Кулул Қурбонов, яке машҳуртарин варзишгарони тоҷик дар варзиши қаиқронӣ рӯзи 2 август дар синни 81 аз олам чашм пӯшид. Кулул Қурбонов яке аз нахустин устодони варзиш аз Осиёи Миёна буд ва дар тӯли солиён шарафи варзиши тоҷикро ҳимоя кардааст.

Хабари даргузашти Кулул Қурбонов, яке аз машҳуртарин қаиқронҳои тоҷикро Шаҳриёр Даминов дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард.

УШЕЛ ИЗ ЖИЗНИ ГЕРОЙ ТАДЖИКИСТАН!2.08.2017 в городе Душанбе. Пусть земля ему будет пухом! ВЕЧНАЯ ПАМЯТЬ ЧЕМПИОН.

Қурбонов Кулул 10.10.1936 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1956-57 аз давлати Украина мураббии омада дар базаи нав таьсиси обанбори Водонасос ба қаиқронӣ шуруь намудааст номи мураббии Лена Денисова.
Соли 1957 дар шахри Бишкек мусобикаи Дустии халқҳо меьёри устоди варзиши собиқ Итиҳоди Шӯравиро иҷро намуд дар масофаи 1000 м дар қаиқи 2 нафара бо ҳамроҳии Ҳакимов Саидмурод. Ҳакимов бошад зодаи н. Фархор вилояти Хатлон аввалин устодони варзиш дар Осиёи миёна Қурбонов Кулул ва Саидмурод Хакимов
Соли 1958 Ҷоизадори спартакиадаи халқҳои СССР
Соли 1959 Ҷоизадори спартакиадаи халқҳои СССР
Соли 1960 Ҷоизадори спартакиадаи халқҳои СССР
Соли 1961 Ҷоизадори спартакиадаи халқҳои СССР
Соли 1960 оиладор шуд.
Соли 1971 то 1986 дар вазифахои роҳбарии мактабҳои олӣ ва Ҷамьияти Иттифоқи касабаи варзиш кор кардааст.
Дар давраи фаьолияти кории Устод Кулул Қурбонов варзишгарони ба монанди Юрий Лобанов Михаил Лобанов Тоҳир Камолиддинов аз намуди қаиқронӣ тамрин карда ва ҷойхои намоёнро ишғол кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *