25 млн доллар барои тиҷорати кишоварзон

 Дар нимаи аввали соли равон барои амалӣ намудани «Лоиҳаи тиҷораткунонии соҳаи  кишоварзӣ»  3926 нафар ҷалб шудаанд, ки аз ин ҳисоб 1247 нафарашон занон (31.76%) мебошад.

  Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» дар ҳисоботи нимсолаи худ ба востаҳои ахбори омма маълумот дод, ки баҳри рушди кишоварзӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат, «Лоиҳаи тиҷораткунонии соҳаи  кишоварзӣ»-ро омода ва пешниҳод намудааст. Ин лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии Рушд ба миқдори 25млн. 920 ҳазор доллари Амрико маблағгузорӣ шудааст. Ин маблағ асосан барои баланд бардоштани имконияти деҳқонон, тоҷирон ва коркардкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин, беҳтар намудани дониши соҳа дар байни кишоварзон сарф хоҳад шуд. Муддати давомнокии лоиҳа аз соли 2015 то 2021 буда, дар вилояти Хатлон, Суғд ва Ноҳияҳои тобеи марказ амалӣ гардонида мешавад. Муассиса фаъолияташро барои рушди истеҳсоли ду маҳсулот: шир ва зардолу ба роҳ мондааст.

  Дар нимсолаи авали соли 2017 1млн.293 ҳазор доллари Амрикоӣ ҷудо шудааст, ки аз ин миқдор 700 ҳазор доллари ИМА аз худ карда шудааст.

Саодати Розиқзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *