Триои Президент бо набераҳояш (Видео)
Президент Қурбангулӣ Бердимуҳамадов дар якҷоягӣ бо ду наберааш суруд- триои навбатияш: «Kalbymda sen»- ро сабт наму.
Дар ин бора торномаи «Хроникаи Туркменистон» хабар медиҳад.
Тавре, ки хадамоти матбуотии президенти Туркманистон хабар медиҳад, идеяи сабти ин суруд ҳанӯз аз овони хурдсолӣ ба сари Бердимуҳаммадов омада будааст.
Дар баробари ин торномаҳои ҳукуматӣ хабар медиҳанд, ки президент як чанд оҳанги нав барои як албоми сурудҳояш таҳия намудааст, ки болои он ҳанӯз матн навишта нашудааст.
Президент Қурбангулӣ Бердимуҳаммадов пештар аз ин ҳам истеъдоди сарояндагию навозандагияшро нишон дода буд. Соли 2011 у суруди « Гулҳои сафеди ман баҳри ту»- ро иҷро намуд, ки ба навишти хадамоти матбуотии президент матни онро худаш навиштааст. Дар ҳоле, ки ин суруд ҳанӯз соли 2009 аз сӯйи Давлат Амонқулов суруда шуда буд. Дар баробари ин президент ҳатто дар корпоритиве дидҷейӣ ҳам карда будааст.Сарвари давлати Туркманистон таъби шоирӣ ҳам дошта, тарона менависад ва дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба таври фаъол сурудҳои навиштаашро пахш мекунад. Масалан соли 2015 суруди « Ба пеш, ба пеш, танҳо ба пеш, Ватанам Туркманистон»- ро, ки ба қалами Бердимуҳаммадов таалуқ дорад, зиёда аз 4 ҳазор сароянда дар якҷоягӣ дар як чорабинии фарҳангӣ суруда буданд.
Ин суруд, қариб ки дар ҳар чорабинии фарҳангии Туркманистон мисли гимни миллии он садо медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ