Туҳфаи Қироншоҳ Шарифзода ба Китобхонаи миллӣ
Қироншоҳ Шарифзода, устоди факултети журналистикаи ДМТ, муҳаққиқи матбуоти тоҷик беш аз 300 китоб, 18 ғурфа (подшивка)-и рӯзномаҳоро ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим кард.
Ба гуфтаи масъулини Китобхонаи миллӣ, ин туҳфа аз фонди китобхонаи шахсиии рӯзноманигори шинохта Қироншоҳ Шарифзода буда, ба забони тоҷикӣ ва русӣ мебошанд. Донишҷӯёни факултетҳои рӯзноманигорӣ, ҳаводорони каломи бадеъ ва соҳаи адабиётшиносӣ имкон доранд, ки аз онҳо истифода намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ